Ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол
Аз таърихи дастаи номдори “Курама”
Футбол (аз англисӣ: Football, «тӯби поӣ») — навъи варзиши даставист, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад, Дар айни замон аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам аст.
Бозиҳои ба монанди футбол дар байни халқҳои гуногун аз қадим мавҷуд буданд, вале аввалин қоидаҳои ин навъи варзиш соли 1848 навишта шудаанд. Соли расмии бавуҷудоии футбол соли 1863 дониста шудааст. Дар ин сол Федератсияи футболи Англия таъсис ёфтааст ва қоидаҳои ба қоидаҳои ҷорӣ наздик тасдиқ шудаанд. Чуноне ки малум аст футбол аввалин бор дар Англия таъсис ёфтааст.
Наҳзати исломӣ дипломати ҷопониро ба қатл расонд
Баҳри гиромидошти хотири олим ва сиёсатмадори ҷопонӣ, профессор Акино Ютако ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар зодбуни худи мутафаккир дар Япония бахшида ба 20-солагии ёдбуди нобиғаи бузург бо ҳузури доираи васеи коршиносони илмиву таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ва рӯзноманигорон симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла дар меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин ҳаводис мизи муддавар барпо шуд, ки дар он шореҳон ва коршиносони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд.
Пиари сиёҳи Кабирӣ аз бемории Иброҳими чорсола
Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам.
Чанд рӯз пеш Кабирӣ бо истифодаи таҷрибаи пирони наҳзатиаш ва роҳнамоии хоҷагони маънавиаш мехост боз ҷамъе равшанфикрони тоҷики дар хориҷ қарордоштаро бо баҳои чанд динору риёли барояш додаи дигарон бихараду мисли солҳои 90-ум қурбонии нақшаҳои ҳизби террористиаш созад. Аммо тираш хок хӯрд. Ҷамъомаде, ки гирд овард, амалан ба ҷаласаи хонаводагиаш табдил ёфт. Пеши онҳое, ки кафолати сохтани ИНОТ-и навро барояшон дода буд, шарманда шуду назди охундҳои шиа, ки ин ҳама маблағро барои ин маърака ҷудо карда буд (барои ташкили кору иҷораи толору роҳхарҷии ба гуфти худашон 300 нафар даъватшуда ва маблағи меҳмонхонаҳои зисти онҳо ва хӯрду хӯрокашон бо кисапулию монанди инҳо) қарздор. Акнун, ки корҳо барор нагирифт, роҳҳои дигари нишон додани худро пеш гирифт. Роҳҳои қаблан озмудашударо.