шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол оиди натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷиҳати пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо, ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда, маблағгузории саривақтии хароҷотҳои аввалиндараҷа, назорати истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, якчанд чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида ба ҳолати 1 июли соли 2019 нақшаи аниқшудаи даромади буҷети умумии шаҳр (контингент) (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,9 фоиз иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 6836,1 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 258,1 ҳазор сомонӣ зиёд, буҷети маҳалли бошад 104,5 % иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 5282,0 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 226,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр иҷрои нақшаи воридот бо таври умум иҷро гардида бошад ҳам аз ҳисоби 10 сарчашмаи нақшавии даромади буҷет 9 намуди даромад иҷро гардида 1 намуди андоз яъне андози даромад аз шахсони воқеъи, иҷро нагардид, ки дар марҳилаи ҳисоботи ба буҷет умумӣ ба маблағи 672,4 ҳазор сомонӣ аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 343,5 ҳазор сомонӣ ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ 328,9 сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳолати 1 июли соли 2019 ба андозаи 99,9% фоиз ё ба маблағи 7295,6 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи аниқшуда 6,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш буда ба соҳаҳои мазкур ба ҳолати 1 июли соли 2019 ба маблағи 5774,0 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 79,1 фоизи хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи ҳисоботи хароҷот барои музди меҳнати ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ 99,9 фоиз 4188,1 ҳазор сомонӣ, ҳиссаҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 99,9 фоиз 1041,0 ҳазор сомонӣ, пардохти хаққи хизматрасонии комуналӣ 99,2 фоиз 118,9 ҳазор сомонӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 19,9 ҳазор сомонӣ ҷамъ хароҷоти моддаҳои ҳимояшаванда 73,6 фоизи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ буда 5370,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои руйпуш намудани моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷети вилояти ба маблағи 1761,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида пурра мақсаднок барои моддаҳои ҳимояшаванда хароҷот карда шудааст.

Аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба фонди стабилизатсиони 45,3 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони иншооти муҳими давалатӣ 9,0 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида пурра гузаронида шудааст.

Оиди мониторинги ҷойҳои холии корӣ ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳри Истиқлол ба ҳолати 1 июли соли 2019 ҳамагӣ шумораи умумии воҳидҳои кории тасдиқшудаи муассисаҳои буҷетӣ 803 ададро ташкил намуда, воҳидҳои кории ишғолшуда 742 адад ва воҳидҳои холии корӣ ҳамагӣ 61 адад бо музди маоши сарфа 41,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, воҳидҳои холии корӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 4 адад сарфаи музди маош 7,9 ҳазор сомонӣ дар соҳаи маориф 3,5 адад бо сарфаи музди маош 3,0 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи тандурустӣ 52 адад бо сарфаи музди маош 28,9 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи фарҳанг 0,5 адад бо сарфаи музди маош 0,3 ҳазор сомонӣ ва дар маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ 2 адад бо сарфаи музди маош 1,1 ҳазор сомонӣ мебошад.

Н.Р. Агзамов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз392
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1956
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6412
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23075
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4051560

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.