шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

МАҲМУДЗОДА Қаюмҷон

(2 votes, average 5.00 out of 5)

 

Раиси шаҳр

 

Қаюмҷон Маҳмудзода 9 июни соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Солҳои 1982-1983 омӯзишгоҳи техникии №3, ба номи Ю.Гагарини шаҳри Хуҷандро ба итмом расонида, соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм намудааст. Солҳои 1983-1985 хизмати ҳарбиро дар сафи Артиши Шӯравӣ  дар Республикаи халқии Монголия адо намудааст.Солҳои 1993-1997 ба ҳайси ронанда, муҳандис-механик, корманди шуъбаи таъминот ва фурӯши молҳои тайёри иттиҳодияи истеҳсолӣ-дӯзандагии ба номи Н.К.Крупскаяи шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, аз  соли  1997 то соли 2009 ҳамчун иқтисодчии асосӣ, сардори шуъбаи таъминоти молҳои тайёр, ҷонишини директори генералӣ оид ба корҳои тиҷорат, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Садаф» оид ба корҳои истеҳсолот, директори корхонаи фаръии «Гранд»-и корхонаи давлатии «Садаф», ҷонишини директории генералӣ, сармуҳандиси корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» фаъолияти меҳнатиро идома медиҳад.Аз моҳи январи соли  2009 то августи соли 2010 бошад дар вазифаи директори генералии КВД «Садаф»-и  дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2010 то соли 2013 директори генералии КВД «Заря Востока»-и шаҳри Истиқлол кор кардааст таъйин гардида фаъолият кардааст. Инчунин солҳои 2013-2016 низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун директори генералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-и шаҳри Бӯстон фаъолият бурдааст.Аз соли 2016 то моҳи январи соли 2022 бо розигиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъйин гардида баҳри рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Бӯстон кӯшиш ба харҷ додаст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022, №325 Қаюмҷон Маҳмудзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истиқлол таъйин гардид.Лозим ба қайд аст, ки фаъолияти номзади мо дар вазифаҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳтарам Раис  дар раванди иҷрои ҳадафҳои некашон дар такя бо дастгириҳои  меҳанпарваронаи Сарвари маҳбуб густариш ёфта, сазовор гардиданашон ба боварии Пешвои маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи равшан ва ободро ба рӯяшон боз намуда аст.Номзад Қаюмҷон Маҳмудзода барои рушди устувори соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, фароҳам овардани имкониятҳо барои фаъолияти босамар, махсусан барои  пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум тадбирҳои мушаххасро дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои бевоситаи  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар андешидааст. Ҳамзамон, бобати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтарсозии вазъи иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар, барои татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, баланд бардоштани нақшу мақоми ҷавонону занон дар ҷомеа пайваста саъю кӯшиш менамояд.Дар баробари ин, оид ба  фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ паст карда шавад. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, имкони дастрасии мардум ба хизматрасонии хуби тандурустӣ аз иқдомоти зарурӣ мебошад ва дар сурати вакил интихоб гардидан баҳри татбиқи ин ҳадафҳо саъй меварзад.          Аз ин ҷост, ки дар меҳвари Барномаи пешазинтихоботии Қаюмҷон Маҳмудзода масъалаҳои баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, ноил шудан ба афзудани обрӯ ва нуфузи илм ва корманди илмӣ, маблағгузории ҳадафнок барои рушди инфрасохтори саноатӣ, мусоидат ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ҷой гирифтаанд.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз732
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1505
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4558
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36254
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025450

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.