шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ОҲИ МОДАРОН БАР АФЛОК МЕРАСАД

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар имрӯза вазъияти олам, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм шадидан рафта истодааст насли бомаърифати ҷомеа алалхусус омӯзгорон бояд ҷиҳати ҳидоят намудани ҷавонон ба роҳи хуб ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав кӯшиши беш аз пеш намоянд. Падару модарон низ аз ҳар вақта бештар рафтори фарзандонашонро зери назорати қатъӣ гиранд ва махсусан волидайне, ки фарзандашон дар муҳоҷират аст ба таври ҳамарӯза бояд аз зисту фаъолияти фарзанд бояд бохабар шаванд, зеро доманаи ҳаракату ҳизбҳои террористӣ дар миқёси олам андак кӯшиш намуда истодааст.

 

Аллакай то имрӯз бархе аз ҷавононе, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона бо гумроҳии беш дар Сурияву Ироқ ҷангидаанд ҳалок шуданд. Хулоса он аст, ки ин ҷавонон ба доми фиреби баъзе афроди нокас ва ноинсон афтида, ҷони хешро ба бод доданд, яъне онҳо фоҷиавӣ ҳалок шуданд.

 

Он модаре, ки фарзандаш фиреб хурду ба чоҳи он нокасон афтид ва ҳатто ҳалок шуд, инсон фикр мекунад, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад ва худро шармсор байни ҷомеа меҳисобад ва ин албатта дуруст аст, зеро ӯ дар тарбияи ин афрод ба нуқсон роҳ дода, ба ҳама рафторҳои фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир намудааст. Аммо он нокасоне, ки афроди дур аз саводу дониши казоиро ба доми найрангҳои худ партофтанд ҷавоби худро хоҳанд дод. Дуои модарони ғамдор аз гиребони онҳо хоҳад дошт.

Дар масири ғами як нафар имрӯз он “зоҳидон”-и мардумфиреб дар айшу нушанд, вале намедонанд, ки зулмати бадбахтии ба сари фарзанди одам овардаашон онҳоро ором нахоҳад гузошт.

Боиси таассуф аст, ки дар ин вартаи ҳалокат ва роҳи бебунёд имрӯз бонувони гумроҳ низ афтодаанд. Магар рисолати асосии зан ташкили зиндагии босаодат, ба дунё овардан ва тарбияи фарзанд нест? Ин зани гумроҳгашта дар мамлакати бегона чӣ мекарда бошад. Зан –модарро, ки нафистарин олиҳа маҳсуб медонанд, бо ин рафтори нобахшиданӣ худро бо сиёҳӣ ҳамроҳ карда, албатта ба девзан табдил ёфтааст. Худо аз чунин рӯз, ки бар сари ин афрод афтодааст, паноҳ диҳад.

Имрӯз мо аҳли фаъоли ҷомеа бояд барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро тамоми чораҳоро биандешем ва дар ин замина волидайн, бахусус модаронро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон бомасъулият бошанд.

Каримова Ҳилола

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз128
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта883
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3135
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19798
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4048283

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.