шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

МО МУҲТОҶИ АФКОРИ ТАҲМИЛӢ НЕСТЕМ

(0 votes, average 0 out of 5)

Таърих гувоҳ аст, ки халқи куҳанбунёди мо дар даврони аввалини зуҳураш соҳибдину тамаддун буд ва рафтору гуфтору пиндори нек аз он вақт дар ботини ин мардум чун асоситарин мақоми виҷдонӣ сайқал меёфт. Ин намунаҳо дар Авестои таърихӣ баён гардидаанд. Озодии виҷдон дар даврони ҳукмронии Куруши Кабир, ки яке аз сулолаҳои аввалини давлатдории  тоҷикон маҳсуб меёбад таъмин буд.

 

Ё ин ки зуҳури дини мубини Ислом ва аҳкомҳои он, ки ба дурустӣ ҳамон рафтору гуфтори некро тарғиб мекард ва дар сарнавишти ин миллат баъдҳо вуруд гардид тавонист ҳамон анъанаҳои неки инсониро дар мағзи инсонҳо ҷой намояд. Ҳатто баъзе урфу одоти мо ба мисоли иди Наврӯз, ки таърихи пеш аз исломӣ доранд дар муносибат бо ислом хусусияти хешро дигаргун накардаанд.

 

Тавре медонем Абуҳанифа афкор ва фиқҳи худро дар алоқамандӣ бо расму оин ва муқаддасоти миллии хеш пешниҳод кард ва мисоли равшан эҳтиром ба забони тоҷикӣ мебошад, ки дар баргузории аҳкоми динӣ дар ҷойи муносиб меистод.

Саркардаҳои хилофати араб таваҷҷуҳ ба рӯзгори бузургони Аҷам доштанд ва доир ба бузургии эшон нуктаҳо аз гуфтори эшон мехоҳем мисол оварем. Пайғамбар (с) гуфтаанд, ки Нӯшервонро дӯст дорам бо сабаби адлаш. Яъне онҳо фарқ миёни инсон ё дини ӯ намедиданд, фақат талабот ҳамон буд, ки инсон нек бошад.

Анакнун менигарем ба имрӯза ҳизбу ҳаракатҳои динии иртиҷоӣ. Ин нохалафҳо аввалан ин ки тундгаро ҳастанд ва афкори хурофотӣ сар то сари фаъолияти ононро гирифтааст. Гуё нав ақоиди динӣ пайдо шуда бошад шадидан барои ташкили “хилофати исломӣ ё давлати исломӣ” мубориза бурда истодаанд. Гумон намекунанд, ки қимати маънавияти бузург дар ойину русуми мардуми мо ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад. Вале мутаассифона ҳоло ҳам баъзе ҷавонони гумроҳи мо ба доми хурофотпарастон меафтанд.

Мисоли дигар метавонад ТЭТ ҲНИТ бошад, ки миёни мардум ҳамеша ба тафриқаандозӣ ва душмансозӣ машғул буд. Ахиран баъди ташкили муҳорибаҳои мусаллаҳона ва дигар амалҳои нанговар фаъолияташро дар кишварамон мамнуъ эълон намуданд.

Яқинан қайд менамоем, ки мо имрӯз муҳтоҷи ягон аҳком ва мазҳабу ақоиди таҳмилӣ нестем ва ба таври ҳамешагӣ рафтору гуфтору пиндори некро тарғиб менамоем ва ин усул бояд дар ҷомеа ташвиқ гардад.

Беҳрӯзи Некхоҳ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз203
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1956
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6223
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22886
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4051371

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.