шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ВАБОИ АСР

(0 votes, average 0 out of 5)

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш оварда аст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамалакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсусан хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва гуруҳҳои террористӣ бо ном “Давлати исломӣ” “Ҳизби таҳрир” “Толибон” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террорристӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Миёна сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Боиси таассуф аст, ки аз нодонӣ ва ноогаҳӣ ва ё аз нодорӣ бархе аз ҷавонони имрӯза ба доми фиреби ин гуна ҳаракатҳо меафтанд. Холигии маънавӣ дар мағзи ҷавонон, надонистани таъриху моҳияти ҳақиқии дини мубини ислом ва ноогаҳии онҳо аз мазҳаби ҳақиқии авлодиашон боис мегардад, ки ба доми душманони миллату оини мо гирифтор мешаванд.

Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист, махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба шарофати он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеъаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд.

Паҳн гардидани тафаккури ифротгароӣ, мавҷудияти гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатарӣ ҷиддӣ эҷод менамоянд. Гурӯҳҳои ифротгароӣ динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ менамоянд.

Аслан, ба номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрувӯ манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.

Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ, равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад...

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ таъғир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ба амал овард. Дар ин бора нависандаи барҷаста Хемингуэй навиштааст “Агар дар оянда ҷанг рух дихад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидатарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад буд” .

Вазифаи ҳар яки мо он аст, ки аз ин ҳаракатҳо ҷилавгарӣ кунем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми фиреби онҳо афтанд. Бояд ҳамагон якдилу яктан бишавем ва садди роҳи ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ, террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои бегона шавем ва нагузорем, ки душманони дину оини мо ваҳдати миллии моро оромию осоиши мардумро, рӯзгорӣ тинҷи мардумро халалдор кунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз ин зуҳуроти фалокатбор огоҳӣ доданд: ”Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Сулҳе, ки Пешвои муаззами миллат ба Тоҷикистон овард нодиртарин ва қиматарин неъмат мебошад. Вазифаи муқаддаси мову Шумо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар баровард, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар муқовимат бо афкори экстримистӣ, террористӣ ва ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Ватани азизамонро халалдор созад.

Ойматов Фахриддин

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз747
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1093
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3846
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ28535
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4057020

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.