шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Нокасонро тарбият кардан хатост

(0 votes, average 0 out of 5)

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ТЭТ ҲНИТ мехост давлати рӯ ба инкишофу соҳибтамаддуни моро бо қоидаву қонуни «исломӣ»-и таълифнамудаи воизону сарварони корчаллони «сиёҳу сафед»ба давлати ба ном исломӣ қарор дода, ҳуқуқи занҳоро поймол намояд. Аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ омада, тибқи фармоиши Абдуҳалим Назарзода , ки бо дастгириву маблағгузории давлати исломии Эрон анҷом дода шудаанд бармеояд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз асри гузашта домани нопоки худро паҳн намуда, пинҳонӣ амалиёт доштаанд.

Маълум гардид, ки қатли шахсиятҳои маъруфи кишварамон маҳз бо ёрии ин гурӯҳҳои хиёнаткор анҷом дода шудааст. Ҳайф аст, ки инсонҳои поктинату ватандӯст бо дасти ин нохалафон ба марги маҷбурӣ расидаанд!

ТЭТ ҲНИТ тарғибгари дигар мазҳабу сиёсати бегона буда, ба миллату Ватани худ разилона хиёнати нобахшиданӣ намудааст! Таҳдидҳои ногувори ин равандҳо то ҳол давомнок буда, боиси таҳлука ва ташвиши мардум гардида, сабаби марги чандин нафар ҷавонону кӯдакон шудааст. Ин гуна одамон аз хурдӣ ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ одат намуда, ки ин аз муҳити оила сарчашмаи ҷиддӣ дорад. Мегӯянд, ки як намакхӯрда чиҳил сол андеша кардааст. Аммо намакхӯрдагони давлати мо чӣ кор карданд! Ба ҷои нафъи хешро расонидан, баръакс, ифротгароиву кинаҷӯӣ ва домгузориву одамрабоӣ намуданд, яъне намак хӯрда намакдони давлатро шикастастаанд!

Дар кадом гӯшаву канори меҳан, ки зиндагӣ мекунем он ҷо Ватани мову шумост! Хокаш муқаддас аст! Ҳатто ҳавояш қиммат аст! Лекин на ҳар кас ин ҳиссиёту эҳсосотро дарк карда метавонад!

Сари ин маъала дар ҳар шумораҳои рӯзнома мақолаҳои ҷолибу таъсирнок чоп мешавад, ки ба гӯши дили ҷавонону хонандагон расида, таъкид менамояд, ки алайҳи терроризм мубориза ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, ҳушёриро аз даст набояд дод.

Имрӯзҳо кам нестанд нотавонбинону кӯрнамакон, ки аз дасташон ба ҷуз вайронкорӣ ва тӯҳматгароӣ чизи дигаре намеояд, ба истеъдоду илҳоми дигарон садди роҳ мешаванд.

Аз мушоҳидаҳои хеш перомуни ин равандҳои тундгарои ҷомеа, ки имрӯз сар то сари сайёра чун морони заҳрдор номаълум бо амалҳои манфию гӯшношунид теша ба решаи миллат мезананд, алҳазар! Аз ин гуна афроди беномус, нокас кӯрнамаку хиёнаткор Худо безор! Ман нотарсона алайҳи мубориза барои чунин бешарафон мегӯям, ки нокасонро тарбият кардан хатост!

Дар домани сабзи Ватан бо як ҷаҳон ифтихори ватандориву ватандӯстӣ бо меҳру муҳаббати саршор ва самимӣ таронаи Ватанро месароям!

Мо ҳар як кафи хоки Ватани азизамонро ба ҷон баробар медонем! Ҳар як сангашро дурдонаву гавҳар мешуморем! Ҳар як қатраи обҳои зулолашро кони шакар меҳисобем! Ҳар як фарди баору номуси ватандӯстро азизу мӯътабар медонем!

Сухани суханваронро қадр месозем! Хони маънавии дӯстдорони каломи нобро зиннат мебахшем, то ин ки чароғаке фурӯзон шавад ва нокасонро захми сухан маъюб созад!

Нодира Назарӣ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз758
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1956
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6778
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23441
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4051926

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.