шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

(0 votes, average 0 out of 5)

Имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ барномаҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд, ки дар роҳи шинохти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа, мубориза бо ифротгароӣ ва бегонапарастӣинчунин дар мубориза бо экстремизму тероризм ва саҳмгузорӣ дар сулҳу суботи кишвар натиҷаҳои назаррас дода истодаанд, ки дар васоити ахбори умум, махсусан радиову телевизион, маҷаллаву рӯзномаҳо нашр шуда истодаанд.

Як қисми ҷавонони мо аз ҳисоби бетаҷрибагӣ ва малакаи кофӣ надоштан ба гурӯҳҳои осебпазир шомил гаштанд. Сабаби ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонон пеш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбовар будан, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ қарор гирифтан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ надоштани дониши хуб мебошад. Ифротгароёни ақидаи терористию экстримистӣ дошта аз вазъи иҷтимоӣ ва ақидаи динии шаҳрвандон моҳирона истифода бурда, тариқи технологияи муосир, телефонҳои мобилию воситаҳои интернетӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳоро ба сӯйи ҳадафҳои ғарарнокии худ, махсусан дар муҳоҷират бо ҳар роҳу воситаи ба худ хос ба қатлу куштор ба бераҳмию разилӣ мебаранд. Пеши роҳи шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳоро фақат ва фақат таълиму тарбияи якҷояи омӯзгорон ва волидайн гирифта метавонаду халос.

Хело бад аст, агар кас тақдири ояндаи фарзанди худро фақат ба души муаллим ҳавола кунад. Вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбияи дурусти фарзанд ва инсони бомаърифат, хушодобу созандаро ба воя расонидан низ мебошад, зеро волидайн барои камёбии фарзанд нафақат вазифадору масъул, балки ҷавобгар мебошанд. Агар падару модар ва ашхоси калонсоли ҷомеа барои фарзандон ва ҷавонони имрӯза намунаи ибрат бошад, рафтори самимонаву ғамхорона дошта бошанд, фарзандон чунин хоҳанд шуд. Бинобарин яке аз вазифаҳои муқаддаси волидайн ва муаллим баҳраманд гардонидани ҷавонон аз илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад. Дар чунин шароити орому осуда ба илмомӯзӣ рӯй овардани ҷавонон - ин боварӣ ба ояндаи неки худ, оила ва ватани худ мебошад, ки ин ягона роҳи наҷотёбӣ аз вартаи ифротгароён шуда метавонад. Чуноне, ки Сарвари давлат дар суханронии худ қайд намуданд: “Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолоту торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад”. Ба доми фиребу найранги ифротиён наафтидан аз худи ҷавонон вобастагии калон дорад. Ҷавонони моро танҳо дӯситию муттаҳидӣ, дастгирии якдигар, дониши мукаммал, касбу ҳунар, меҳнати ҳалол, умед ба орзуҳои неки оянда ва дарки воқеият аз чунин вартаи торикию ҷаҳолат наҷот дода метавонад. Ҳар як ҷавони бо ору номуси ҷомеа бояд тамоми кӯшишу нерӯи худро барои ободию тинҷии кишвари худ равона созад, аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавад.

Аз роҳи нодуруст баровардани як шахс ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ӯ ин худ зиндагӣ, саҳмгузорӣ дар ободии кишвари азизе, ки мо дорем маҳсуб меёбад.

Ба сабукандешӣ роҳ надиҳед ва кори иҷро мекардаатонро дар тарозӯи ақл таҳлил намоед.

И.Идиев

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз195
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта883
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3202
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19865
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4048350

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.