шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Пешгирӣ бояд кард

(0 votes, average 0 out of 5)

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳафтаи сипаригардида тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Меҳнатобод доир ба пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии сокинони шаҳр ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А., прокурори шаҳри Истиқлол Абдуқодирзода Ф.К. сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Валиев Ҳ. Э., ҷонишини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Абдуллоев Д, ва зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллаи Меҳнатобод ширкат намуданд.

 

Сараввал муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А.А. баромад намуда, оиди масъалаи ташвишовар, ки шомилшавии сокинон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ боқӣ мемонад изҳори таассуф намуда, шомилшавии бархе ҷавонони бесаводу гумроҳи шаҳр, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пайваст гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишвари Сурия иштирок доранд маҳкум кард. Гуфта шуд, ки аз шаҳри Истиқлол низ якчанд нафар ҷавонон фирефтаи доми ин гурӯҳҳои беинсоф гардида, ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд ва айни замон дар Сурия қарор доранд.

 

Ҳамчунин прокурори шаҳри Истиқлол Абдуқодирзода Ф.К. баромад карда, аз вазъияти шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва экстремистию террористӣ изҳори нигаронӣ намуд. Тавре қайд гардид гурӯҳҳои ифротгаро имрӯзҳо бо ақидаҳои дурӯғи худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пурраги огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад. Ҳамчунин Абдуқодирзода Ф. оиди шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом, ки ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд гуфта гузашт.

Баъд аз он сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Валиев Ҳ.Э., баромад намуда, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҷоҳиливу бесаводӣ эълон кард. Қайд кард, ки бояд ҳар як фаъоли ҷомеа корҳои фаҳмонидадиҳиро байни сокинони шаҳр бобати пешгирии даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб, алалхусус шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба роҳ монад.

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи Валиев Ҳ.Э. бо сокинини шаҳр Ҷумабоева Мунаввар Мамадурзаевна, ки духтараш Шаимкулова Заррина Зохидовна, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил гардида, айни замон дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия қарор дорад суолу дархост аз вазъияти баамаломада дода шуда, дастур дода шуд, ки бобати аз Сурия баргаштани фарзандаш чораҳои қатъиро андешад.

Идомаи корҳои фаҳмонидадиҳӣ

Ҳамзамон ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи Табошари кӯҳна низ чунин вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур баргузор карда шуд, ки дар он муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода, намояндаи шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муродов И. ва ҷонишини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Абдуллоев Д. ширкат намуданд.

Дар ин чорабинӣ А.Шарифзода доир ба хатари ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар замони имрӯз ва махсусан ба ҷавонон андешаронӣ намуда, нишастагонро даъват кард то фарзандонашон, ки дар муҳоҷират қарор доранд ба таври ҳамешагӣ ба онҳо дар тамос буда, ҷиҳати шомил нашуданашон ба ҳаракатҳои тундгаро ононро ҳушдор диҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муродов И. доир ба фаъолияти ноқонунӣ ва харобиовари гурӯҳҳои тундгаро ва экстремистию террористӣ маълумот дода, даъват кард то сокинон, махсусан волидайн ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар ҳамкории ҳамешагӣ бошанд.

Ҳамчунин Муродов И., оиди вазъи ногувори Сурияву Ироқ ва иштироки бархе аз сокинони гумроҳгаштаи шаҳр, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи ин давлатҳо ширкат доранд ва бинобар иттилоъҳо якчанд нафарашон фавтиданд баромад карда, сокинонро ҳушдор дод, то фарзандони хешро дар руҳияи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.

Сокинон бояд баргардонида шаванд

Санаи 4-уми майи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр вохӯрӣ бо сокинони гирду аторофи муассисаи мазкур доир гардид.

Муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода суханронӣ намуда, нишастагонро оиди ҳадафи вохӯрӣ, ки пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ буд суханронӣ намуд.

Сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Валиев Ҳ. Э., низ баромад карда, доир ба пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин Валиев Ҳ.Э., оид ба даргириҳо дар Сурияву Ироқ, анҷом ёфтани амалҳои террористӣ дар Афғонистон, киаз ҷониби гурӯҳи ба ном давлати исломӣ ба роҳ монда шудаанд баромад карда, таъкид кард, ки оқибати фирефта шудани бархе аз сокинон нанговар аст ва дар ин замина бояд шаҳрвандон бетарафӣ зоҳир нанамоянд ва пайи пешгирии ин амалҳои номатлуби замони муосир бошанд. Таъкид гардид, ки бояд сокинон дар ин масъала бемасъулият набошанд ва ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон, ки дар Сурия қарор доранд дар тамос бо аҳли пайвандони онҳо, ки дар шаҳр истиқомат доранд кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Рафти вохӯрӣ ҷонишини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Абдуллоев Д. сухан ронда, доир ба аз нишастагон даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзанд бомасъулият бошанд.

Дар охири вохӯрӣ А.Шарифзода доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуда, қайд кард, ки бояд сокинон аз баргузории маъракаҳои серхарҷ даст кашанд ва даромади хешро барои ободии рӯзгор ва таълими фарзандон сарф намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4802
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36498
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025694

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.