шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Таҷлили Рӯзи оила дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Ба хотири тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пойдории оилаи хушбахт, маърифати одоби оиладорӣ ва фарҳанги рӯзгордорӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила санаи 16-уми майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Маҳфили “Пайванди наслҳо” бо иштироки 5 оилаҳои намунавии шаҳр оилаҳои Ниёзовҳо, Мамарасуловҳо, Юсуповҳо, Усмоновҳо ва Муҳамадиевҳо баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки оилаи Ниёзовҳо Ниёзов Нодирмат ва Ниёзова Хурматой бо ҳам зиндагонии якҷояи шастсола дошта, соҳиби 9 фарзанд ва 31 набераю 37 абера мебошанд. баргузор гардид. Сараввал, муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А. иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар ҷомеа, аз ободию дониш ва маданияти мардуми он, пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.

Дар рафти чорабинӣ оилаҳои намунавии шаҳр оид ба оилаву оиладорӣ, эҳтироми ҳамдигар дар оила, тарбияи фарзандони солим, саҳми оила дар пешрафти ҷомеа ибрози сухан карданд.

Инчунин худи он рӯз бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили “Адибони Ваҳдатсаро” дар мавзӯи “Сулҳ ормони ҷовидонист” бо иштироки котиби масъули Шӯрои вилоятӣ Мирпочоева М.Қ., аъзои фаъоли Ҳаракат Дадобоева Т.У. ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ низ бобати оила ва оиладорӣ суханронӣ намуда, оиди муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва якдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ баромад намуданд. Дар навбати худ шоир Мирзоҳайдари Умарзод, Ниёзов Ниёз Қурбонович, Нодираи Назарӣ аз эҷодиёти худ шеърҳо дар васфи муҳаббат ва тарбияи ҷавонон қироат карданд.

Аҳли санъати бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи консертии таҳиякардаи худ хотири хамагонро шод намуданд.

Дар охир, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ такдим карда шуд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1195
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1395
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5689
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ30378
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4058863

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.