шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Тақдири як кӯдак...

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар ҳаёт воқеаҳое ба амал меоянд ки одамро ба ҳайрат мегузоранд. Мехостем доир ба тақдири як кӯдаки бегуноҳ, ки бо бефаросатии падару модар имрӯз саргардон аст ба хонанадагон пешниҳод намоем. Аз ин гумроҳии волидайнаш ҷафои бекасӣ дар айни хурдсолӣ ба сараш омада, вале ӯ кӯдак аст. Барои ӯ ин вазъияти бад нофаҳмост, вале дар айни камолоташ аз ин ҳама воқеаҳо бохабар хоҳад шуд ва нафрат ба волидайни бемасъулияти хеш хоҳад дошт.

Кӯдаке, ки тақрибан чор сола мебошад, дар Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ӯ модари худро қариб, ки надидааст, зеро ҳангоми панҷмоҳа буданаш модараш ӯро тарк намудааст. Падараш бошад ду сол боз бедарак ғоиб буда, вале бино ба иттилои сарчашмаҳои дақиқ ба фиреби аҳли ифротгаро афтида дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат дорад. Зиндааст ё мурда фақат Худо медонаду халос. Қариб ду сол кӯдак дар дасти бибиаш буд, вале бибиаш низ бинобар рафтанаш ба кишварҳои Сурияву Ироқ шояд аз қафои писараш бошад ба ҷавобагарӣ кашида шуда, айни замон дар ҳабсхона қарор дорад. Кӯдак, ки тақрибан чорсола мебошад, дар дасти яке аз хешовандони дури падараш қарор дорад. Ба гуфти хешовандони ӯ шароити нигоҳубини кӯдакро онҳо надоранд. Аз ин лиҳоз онҳо хостанд кӯдакро ба дигар хешованди худ диҳанд. Вале танҳо як нафаре ба кӯдак наздик аз тарафи падари кӯдак буд, ки ӯ ҳам дар Федератсияи Русия қарор дораду кай омаданаш номаълум.

Ҳангоми ба чашмони кӯдак нигаристан инсон эҳсос мекунад, ки ӯ ягон чизро нафаҳмида истодааст, ӯ кист?, падар ва модараш дар куҷост?, ӯ ҳамроҳи кист?, барои чӣ ӯро ба инҷо оварданд? Фақат чеҳрааш ғамгин буд. Ӯ аз ягон чиз метарсид. Бо як нигоҳ фаҳмидан мумкин буд, ки ба кӯдак меҳри падар ва модар нарасидаасту намерасад. Ӯ гӯё интизор ва ташнаи навозиши наздикони худ буд. Вале куҷо навозиш. Ӯ то ин дам аз наздикони худ танҳо сарсониву саргардонӣ, мӯҳтоҷи дасти бегонагонро гирифтаасту халос.

 

Наход, ки падар фарзанди хурдсолашро баҷои он, ки ӯро дар ин солаш ба монанди дигар кӯдакон навозиш кунад, меҳри падарӣ диҳад, ӯро ба сайругашт барад, ӯро хандонад ба чунин аҳвол гузошта, худ ба ҷангҳои бефоида, барои халқу ватан ва динӣ мо бегона рафтааст. Агар то охири умр дар ин ҷангҳо, ки гӯё ба гуфти худи онҳо “мусулмони ҳақиқӣ” мебошанд ҷанг кунанд ҳам, ӯ фитнагар, гумроҳ, бедин ва бе миллату мазҳаб маҳсуб меёбад. Мо медонем, ки мувофиқи дини бузурги Ислом касе, ки падар ва модари худро меранҷонад, сабаби рехтани ашки чашмони онҳо мегардад, фарзандони хурдсоли худро ба ғарибӣ гузошта бе касу танҳо мегузорад ҳаргиз ӯ ҳатто мусалмон балки инсон нест.

Айни замон бошад, кӯдак дар зери парастории яке аз хешовандони дури худ қарор дорад. Тасаввур кунед, ки баъди калон шудану соҳиби ақли комил гардидан кӯдак аз падару модараш барои ин кирдорҳо ё хатогиҳояшон чи қадар нафрат мекунад.

Ин танҳо як кӯдаке буд, ки наздиконаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ шомил гаштаанду ӯ сарсону саргардон шудааст. Худ тасаввур кунед, ки танҳо дар кишвари мо бар асари шомилшавии падар ё модар чандин нафар кӯдакон бепарастор мондаанду қисме аз онҳо дар дасти хешу табор ва қисме дар муассисаҳои давлатии ба чунин кӯдакон нигаронидашуда қарор доранд. Ва шояд онҳо ҳар рӯз интизори омадани падар ва модари худ бошанд.

Бояд қайд кард, ки давлату ҳукумати кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхори кӯдакони ятиму бепарастор буда, барои таъмини онҳо ҳамаи чораҳоро андешидаанд. То ҳол ягон кӯдаки аз парастори худ маҳрумгашта ва аз оилаи ниёзманд дар кишварамон аз мадди назар дур нашгашта, ягон ид ё айёме нест, ки онҳо аёдат нагарданд. Ба онҳо хонаҳои махсус ташкил карда шудааст, ки тамоми шароитҳо муҳайё мебошад.

Лек, новобаста аз ин агар аз ҷиҳати моддӣ давлат онҳоро таъмин кунад ҳам, аз ҷиҳати маънавӣ кӣ онҳоро тарбия мекунад?, кӣ ба онҳо меҳру муҳаббатро меомӯзонад?, ҳиссиётҳои дӯст доштан, меҳрубон будан, меҳрубони кардан ва инсондӯстиро онҳо аз кӣ ёд мегиранд? Албатта ин вазифаи падару морадарон мебошад. Зеро меҳр ва ҳиссиёте, ки ба онҳо падар ва модар медиҳад онҳо аз ягон каси дигар гирифта наметавонанд. Чи қадар, ки ба онҳо шахсони наздик ва бегона меҳрубонӣ накунанд ҳам, ҷойи падар ва модари худро гирифта наметавонанд. Пас биёед волидайни азиз, фарзандони худро аз меҳрубониҳои падариву модарӣ маҳрум нанамоем, зеро оҳи кӯдаки бегуноҳ аз гиребони мо хоҳад кашид ва умре дар сарсониву зиллат хоҳем буд...

Шаҳбоз Ахмедов

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1281
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1057
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5345
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22008
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4050493

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.