шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Бар зидди терроризм

(0 votes, average 0 out of 5)

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина,

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

(Лоиқ)

Рӯҳат шод бод устод! Ҳарфҳоят баъди ту ҳам то имрӯз дардхӯри синаҳост, эй кош, ин ҳарфҳоро бархе аз нохалафони хурофотие, ки худ ҳеҷанду боз ба захмҳои синаи дар тӯли таърих пора–пора шудаат намак мепошанд, мешуниданду медонистанд!

Ва дар ҳақиқат таърих гувоҳ аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз рӯйи ҷаҳлу таассуб ба саре касе ханҷар накашида, касеро тороҷ накарда ва ҳаргиз аз сари кина ба хоки касе қадам нагузошта!

 

Пас аламовар аст, ки чанд зодагони ин қаламраве, ки тайи қарнҳо мубталои тороҷи аҷнабиён гашта буду имрӯз аз нав хуршеди истиқлолияташ партавафшон ва дар арсаи олам арзи ҳастӣ дорад, ба оромиву осудагиаш чашми бад доранд! Амалҳои ин нохалафон, ки дар оғози соҳибистиқлолиятӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопок зери фармони хоҷагони хориҷаи худ шӯре дар миёни ҷомеаи мо ба бор оварда буд, ҳеҷ аз зулму истибдоди Чингизу Темур кам набуд. Баръакс Чингизу Темур ё дигараш ашхоси бегона буданду мақсади тасарруфи дороии мо доштанд, аммо ин нохалафон, ки шири модари тоҷикро хӯрдаву зодагони ин марзу бум ҳастанд хиёнат ба Ватан-модари худ карданд.

Ин мисолҳоро дар симои ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷа аз қабили Кабириву дигару дигар, ки имрӯзҳо дар сояи кадом «оғоҷон»-и худ пинҳон шудаву аён-аён садо мекунанд метавон овард. Онҳо боре дар пешрафти истиқлолияти ҷомеа ва созандагиву бунёдкории ҷомеаи навини Тоҷикистон ягон саҳмгузорӣ накардаанд. Ба ҷуз вайронкориву тафриқаан-гезӣ ва иғвогариву бегонапа-растӣ. Маҳз кӯтоҳандешии онҳост, ки имрӯзҳо ду-се пайравони гумроҳшудаашон дар хоки кадом давлатҳои аъробинишин ба фиреби ифротгароён афтодаанду зери парчами сиёҳи ифротии ДИИШ ба қатлу ғорат сарукор гирифтаанд, хуни мардуми бечора, хуни модару кӯдак, хуни бародари мусулмони худро мерезанд!

Тухми ин қотилон, ки номи террористу экстремист доранд рӯз аз рӯз аз маҳалла то маҳаллае дар сарзамини Ироқу Шом пок шудаву яқин аст, ки дар ҳолати нестшавист. Аз онҳо танҳо асаре монда истодааст, ки каллаҳо дар зери хоку саллаҳо дар рӯйи хок паҳну парешон, ҳатто ин саллаҳо кафан ҳам намешаванд. Муассисони ин театри иғвоангез рӯзе дар пеши ҳам халқ ва ҳам Худо ҳарф ба ҳарф ҷавоб хоҳанд гуфт.

Пас шаҳрвандони моро низ зарур аст, ки аз ин фоҷиаҳо огоҳ бошанд, дар тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, ҳар гуна амалҳои номатлубро дар байни онҳо пешгирӣ карда, нагузоранд, ки фарзандонашон ҳадафи фиреби ифротгароён қарор бигиранд ва фарзандони худро дар руҳяи ватандӯстиву инсонгарӣ ва худогоҳиву хештаншиносу тарбия намоянд. Ватани худро азиз донанд ва хизмати модар падари худро ба ҷо биёранд. Зеро ҳеҷ як хоҷа ё «оғоҷун» намехоҳад хушбини ҷомеаи орому осоиштаи мо бошад.

Ба миллати ҳамеша сулҳхоҳу сулҳпарвару сулҳофарини мо кирдорҳои ба сари кас ханҷар кашидану моли мардум хӯрдан зебанда набуду нест.

Миллати моро зебанда чунин аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якмаром буда, баҳри шукуфоии ҳар зарра хоки азизи кишварамон –Тоҷикистон саъю талош варзем.

Исозода Шавкат

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта883
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6106
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5924
mod_vvisit_counterҲамин моҳ20640
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4049125

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.