шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Терроризм аз фиребу хиёнат реша гирифтааст

(0 votes, average 0 out of 5)

Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр,

Кӯшиши беҳуда аст усма ба абруи кӯр.

Далелҳои дақиқ исботгари амалу рафторҳои нопок ва хиёнаткориву номусулмонии ТТЭ ҲНИ гардиданд. Ниқобҳои паси пардагӣ ифшо шуд. Домуллоҳои беинсофу беимон бе роҳбару дар ба дар ба маҳкамаҳо кашида шуданд. Давлати пешрафта ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибтамаддун ва соҳибзабону соҳибмақоми моро мехостанд, ки бо сарварии дастандаркорону «воизон» ва «толибон» -и сияҳкоронашон ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Аммо хушбахтона, ки тоифаи бадниятро ҳаргиз Худованд ба мақсад намерасонад!

Муттассифона, кӯшишҳои бефоидаи ин гурӯҳҳои ифротгарои ҷомеа ҷомаи амал напӯшид. Аз кору амалҳои домуллоҳои худобехабар аён шуд, ки ин рафторҳои бемаъниву авомфиребии зери парда бо номи «исломиён» ва «толибон» ба шармандагиву ҷавобгарӣ ва хиёнат ба Ватан маҳсуб меёбад!

Таҷрибаҳо ва маълумотҳои ВАО аз шарҳи ҳоли ин гуна афроди манфур ва хиёнатпеша дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳу-рият», «Тоҷикистон» «Минбари халқ», «Набзи Деваштич», «Сухани халқ» ва ғайраҳо дарак дода, мардумро аз симои аслӣ ва ниқобии ин нобакорон воқиф месозад. Дар дини мубини Ислом ифротгароӣ, хиёнату адоват гуноҳи азим буда, оқибатҳои бад ва парешонӣ дорад.

Наҳзатиён хостанд аз дини мазкур сӯиистифода кунанд, чунки «устоду хоҷагонашон» бо ин гуна муносибат яъне қатлу ғорат бо маблағҳои калон онҳоро хурсанд менамуданд. Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо ситез ба якдигар бо низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва аз раҳмату махфират ва баракати Худованд бенасиб мегардед ва шарофату латофат аз шумо биравад». (Анфол; 46) .Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Нашояд нафари аз дин хабардор хушунат ва ҷабру ҷафо кунад ба мисли шайх Темур, Кабирӣ, Сайидюнуси Истарав-шанӣ, шайх Умар Ғозӣ (писари Ҷумъаи Намангонӣ) Азизулло, Тӯраҷонзода аз он ҷумла мухолифини давлатҳои Эрону Афғонистон ки худро «пешвои дину мазҳаб» хондаанд!

Аслан бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯиистифода кардан дар умқи худ ихтилофу ифродро ба вуҷуд овардан аст! Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он сусту заиф гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад! Муқовимат бо ин гурӯҳҳои хатарзои ҷомеа зарур буда, ҳар як фарди баору номуси миллат худшиносу ватандӯст бошад, алайҳи мубориза аз доми «домулло»-ҳои фиребгару ифротгаро ва фолбинони ҷодугар огоҳ бошад! Чунки терроризм аз чунин нохалафону кӯрнамакон реша гирифта доман густурдааст! Ин воқеият моро водор месозад, ки корҳои пешгириро дар ин самт ҳамоно тақвият бахшем.

Нодира Назарӣ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз419
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1505
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4245
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35941
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025137

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.