шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Оқибати гумроҳӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар шароити кунунӣ проблемаи асосӣ, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад, ки ин рафтори баъзе аз ин афрод боис мегардад, ки дар оила нохӯшиҳои пайдарпай рӯй медиҳанд. Дар ин миён фарзандони ноболиғи онон дар гиру дори зиндагӣ бо ин рафтори гумроҳонаи пайвандони хеш дар ҷомеа ҷойгоҳи номуайян пайдо мекунанд, ки бисёр сахту сангин аст.

Метавонем аз ин афроди гумроҳ номбарӣ намоем, ки ӯ сокини шаҳри Истиқлол, кӯчаи А. Лоҳутӣ, хонаи 21, ҳуҷраи 1 Абдурасулова Роила Шаимкуловна мебошад, ки даст ба амалҳои номатлуб зада, бо ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта, дар кишварҳои гуногун, махсусан аз Федератсияи Россия ба давлатҳои Туркия ва Озарбойҷон сафар кардааст.

Дар рафти ҷаласаи ошкорои судӣ Абдурасулова Р.Ш. аз рафтори хеш изҳори пушаймонӣ кард ва аз нишастагон даъват ба амал овард, ки нисбати аҳли пайвандонашон, ки дар муҳоҷират қарор доранд бомасъулият буда, ҳамеша дар тамос бошанд, зери ин вабои аср нафарони гумроҳу ҷоҳилро ба коми худ хоҳад кашид.

Бо ҳукми Суди шаҳри Истиқлол аз 17-уми июли соли 2018 Абдурасулова Р.Ш бо содир кардани ҷиноят бо моддаи 32, қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин карда шуд.

Мутаассифона як нафар зан-модар ба ҷойи тарбияи фарзандону пайвандон агар имрӯз даст ба чунин амалҳои нанговар мезанад, пас ҷойи андешааст, ки бояд ҳар фарди ҷомеа аз оқибати харобиовари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро хуб андеша намояд ва тарзи ҳаёти солимро пешаи худ донад.

Бори дигар қайд менамоем, ки ягон фарҳанги динӣ ва шарти ҳаёт бурдан тундгароиву ифротгарӣ ва тафриқаандозиву гумроҳиро қабул надорад ва баръакс ин афрод муқобили дину диёнат мебошанд.

Дар рафти сӯҳбат баъди анҷоми ҷаласаи судӣ раиси Суди шаҳри Истиқлол Муродализода С. доир ба ин масъала қайд намуданд, ки имрӯзҳо афроди ҷоҳилу гумроҳ, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил мешаванд дар хотир надоранд, ки ин рафтори эшон оқибатҳои вазнин ва нобахшиданӣ дорад. Дар ҳақиқат ин афрод гумон мекунанд, ки рафтору кирдори онон гуё талаботи дин аст, вале куллан хато мекунанд. Муродализода Сӯҳроб қ айд карданд, ки мо дар таҷрибаи фаъолияти хеш дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият рафтору кирдори чунин ашхосро мушоҳида карда будем, ки чигуна дар роҳи гумроҳиву зулмот амалҳои зиштро анҷом дода буданд. Аҳли ҷомеа бояд зиракии сиёсиро пешаи кору пайкор ва зисту зиндагонии хеш донанд, зеро ин гурӯҳҳои тундрав аз фаҳмиши кофӣ надоштан истифода мебаранд. Ҳушёр бояд буд.

Мухбири “НИ”

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз643
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта887
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6741
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6820
mod_vvisit_counterҲамин моҳ5578
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта35587
mod_vvisit_counterҲамагӣ4390194

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.