Печать

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

(0 votes, average 0 out of 5)

ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки мардумони ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги моро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонад, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз фаъолияти назарраси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардид, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ, табодули афкор карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шуд.

Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардиданд.

Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд.

https://khovar.tj/2021/09/1mulo-otu-muzokiroti-sat-i-olii-to-ikistonu-eron/

Share