Печать

Иқдоми шоистаи таҳсин

(0 votes, average 0 out of 5)

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи таърихии амнияти ғизоӣ аз давраи ба даст овардани Истиқлолият то ҳол идома дошта, ин иқдомҳои Сарвари азизи кишвар боис ба таҳсини халқи азизи Тоҷикистон гардидааст. Махсусан ин ташаббусҳо ҳам мунтазам ва ҳам дар даврае ташкил мегарданд, ки ниёзи аввалияи мардуми кишвар таъмин мегардад.

Дар шароит ва вазъи имрӯза, ки сартосари ҷаҳонро бемории сироятии COVID- 19 фаро гирифтааст, дар Ваатани азизамон низ сокинон сироят ёфта истодаанд, чунин амалҳои меҳанпарваронаи Фарзанди фарзонаи миллат боис ба ифтихору сарбаланди мо мебошад, зеро дар вазъияте, ки дар ҷаҳон аломатҳои буҳрони иқтисодӣ фаро омадааст дастгирии мунтазами соҳаҳои гуногун ва аҳолӣ зинаи аввали ҳалли мушкилот маҳсуб меёбад. Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Амнияти ғизоии мамлакат зери назорати ҷиддии Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро амнияти ғизоӣ кафолати пойдории сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мебошад.”

 

Дирӯз низ тариқи корвони иборат аз 140 адад автомашинаҳои боркаш ба вилояти Суғд маводҳои озуқаворӣ ва лавозимоти тиббӣ, доруворӣ барои кӯмак ба табибон омада расид ва ба шаҳри Истиқлол низ дар ҳаҷми 15 тонна орд, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, шакар ва ғайра ва ҳамзамон 15 тонна сабзавот ва дар ҳаҷми зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маводҳои муҳофизатӣ, доруворӣ ва молҳои тиббӣ дастрас карда шуд, ки мо сокинони шаҳр аз ин иқдоми Сарвари азизи кишвар миннатдор ҳастем.

 

Сар карда аз ин иқдомҳои наҷиби Президенти кишвар истифода намуда, имрӯз ҳар як фарди саховатпеша ва бонангу номус дар сар тосари мамлакат амалҳои ҷавонмардонаро ба роҳ мондаанд, ки боиси қаноатмандист.

Ман итминон дорам, ки мо сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз бо сарварии Пешвои муаззами миллат барои ҳалли ҳамаи муаммоҳои дар пеш истода саъю талоши шабонарӯзӣ мекашем ва ба натиҷаҳои дилхоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мерасем.

Бори дигар миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям, зеро дастгирии навбатиашон низ аз инсондӯстиву ватанпарварии он кас дарак медиҳад.

Поянда бошад, сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвар ва парафшон бодо Парчами озодиву амн дар Ҷаҳон.

Share