Печать

Ғамхории табибон дар маркази таваҷҷӯҳи Пешвои миллат

(0 votes, average 0 out of 5)

Дирӯз ба табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустии шаҳри ИСТИҚЛОЛ маводҳои хӯрока ва сабзавот, ки бо дастгирии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат дастрас гардида буд, зина ба зина тақсим карда шуд. РАФТИ ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО САРДУХТУРИ Беморхонаи марказии шаҳри Истиқлол Ғоибов В.Т. миннатдории кулли табибони шаҳрро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, таъкид дошт, ки табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустӣ ҷавобан ба ин дастгирӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва сиҳатии сокинон кӯшишу гайрати хешро равона хоҳанд кард.

Ҳамчунин табибон низ аз ин иқдом хело хушнуд гардида, баён доштанд, ки ин ғамхории Сарвари азизи кишварро фаромӯш нахоҳанд кард.

Share