Печать

Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 21 –уми феврали соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавӣ гардонидани варзиш, беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон ва ҷалби онон ба тарзи ҳаёти солим раиси шаҳр Худойназар Амонзода аз назди якчанд хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр дидан намуда, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  доир ба ташкили корҳои ободонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ташкили дигар мавзеъҳои истироҳатӣ бо ҷалби васеи сокинон дастур доданд.

Рафти боздид  раиси шаҳр бо сокинони ин хонаҳои панҷошёна доир ба иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди корҳои ободонӣ сӯҳбат намуда, барои зебо гардонидани гирду атрофи хонаҳо сокинонро даъват кард. Аллакай дар назди ин хонаҳои баландошёна аз ҷониби сокинон корҳои ободонӣ шурӯъ гардидаанд.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида дар шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ ташкил гардид ва хусусан сокинон дар назди хонаҳои худ ба корҳои тозакунӣ ва ободонӣ машғул гардиданд. Ҳамчунин дар боғи назди бинои Қасри фарҳанг ва дигар мавзеъҳо бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон шанбегӣ ташкил ёфт.

Share