Печать

Шӯрои собиқадорон аз фаъолияти хеш ҳисобот дод

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 21-уми феврали соли 2018 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳанти шаҳр дар соли гузашта ташкил гардид, ки дар он раиси шаҳр ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов ширкат доштанд.

Сараввал раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Куйлибоев Р.А. оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2017 ҳисобот дод. Якчанд намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ба музокира баромада доир ба саҳми собиқадорон дар ҳаёти ҳамарӯза ва нақши Шӯро дар ташкили корҳои тарғиботӣ баромад карданд.

Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов баромад намуда, оиди беҳтар гардонидани фаъолияти Шӯрои шаҳрӣ ва ҷалби фаъолони Шӯрои собиқадорон дар татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳайати Шӯроро муваззаф намуд.

Дар охир раиси шаҳр Худойназар Амонзода оид ба иштироки фаъолонаи ҳайати Шӯро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр баромад карда, қайд намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ин табақаи ботаҷриба ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Ҳамзамон нақшаи фаъолияти Шӯро дар нимсолаи аввали соли 2018 тасдиқ гардид.

Share