Печать

Таҷлили бошукуҳи ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишвар дар Қасри фарҳанг

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 23-юми феврали соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии бошукуҳ бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил ва гузаронида шуд. Баъди садо додани Суруди миллӣ раиси шаҳр Худойназар Амонзода табрики хешро бахшида ба ин санаи муборак ба самъи ҳамагон расонид. Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Очилзода Олимҷон табрики иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба 25-умин солгарди Артиши миллӣ қироат кард.

Ба якчанд фаъолони соҳаи ҳарбӣ сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби Худойназар Амонзода  ва Очилзода Олимҷон тақдим гардид.

Аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанг ва   гурӯҳи рақсии “Садбарг” барномаи  фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Share