Печать

ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ТАЪСИС ЁФТ

(0 votes, average 0 out of 5)

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва махсусан мусобиқаи футбол ҳафтаи сипаригардида дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласа таҳти раёсати раиси шаҳр Худойназар Амонзода оид ба ташкили Федератсияи футбол дар шаҳр баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҷаласа масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мактаби варзишӣ ва варзишгарону мухлисони ин намуди варзиш иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласа ҳайати муассисон, роҳбарикунандаҳо ва масъулини Федератсия муайян карда шуд.

Раиси шаҳр Худойназар Амонзода аз ҳайати Федератсияи футбол талаб карданд, ки оиди аз қайди давлатӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои Федератсия, ташкили даста аз ҳисоби футболбозони касбӣ ва иштироки фаъолонаи дастаи футболбозони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ кӯшиш ба харҷ намоянд.

Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дастгирии Федератсия кӯмак хоҳад кард.

Мухбири “НИ”

Share