Печать

АРЗИШИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар доранд. Зеро дар меҳвари ин қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносӣ қарор дорад, ки дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз аҳдофи ин қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад.

Аслан тӯю маърака, махсусан тӯи арӯсии фарзанд ,воқеаи нотакрори таърихии оила ва авлод мебошад, ки то охири умри инсон дар хотири ӯ нақш мебандад. Махсусан, дар замони муосир, ки ҳар як воқеаву рӯйдод сабти видеоӣ мегардаду фардо фарзандону наберагон онро тамошо мекунанд, дар сурати пурмазмун будани маърака он боиси ифтихор хоҳад буд. Ба ибораи дигар, баргузории маърака танҳо бо оростани дастурхони пуранво хатм намешавад, балки ҷараёни он, ки аз суҳбату сурудҳои дилнишин бояд иборат бошад, ба он шукуҳу шаҳомати хоса ато мекунад. Ин аст,ки эътибор додан ба мазмун ва мундариҷаи маърака ба фазилат ва маърифати баланди маъракаоро марбут мебошад. Вақте ба ҷараёни аксари тӯйҳои арӯсии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назар мекунем, дар онҳо якнавохтиву якрангӣ ва монандиро мушоҳида менамоем. Суханони обшуставу такрори ровиёни маърака, сурудҳои шӯху мусиқиҳои замонавӣ ва рақсҳои бемазмуни писарону духтарон муҳтавои ин гуна маъракаҳоро ташкил менамояд. Дар камтарин маъракаҳову тӯйҳои арӯсӣ суҳбатҳои судманди пирони рӯзгор,адибону олимон, гулбазмҳо бо ширкати ҷавонону ҷавондухтарон, намоиши филмҳои кӯтоҳмуддат дар бораи таърихи оила, аз ҷумла зиндагии бобову падар ва модаркалону модарро,ки ба тӯй маъниву мазмун эҳдо мекунад, мушоҳида наменамоем. Ё худ камтарин инсонҳо ба арӯсу домод ба ҷои ҳадяҳои пуливу молӣ китобҳои бузургони миллатамонро эҳдо менамоянд. Ҳол он ки маҳз ҳамин падидаҳои фарҳангиву маърифатӣ ба тӯй файзу баракат,нуру сафо ва мазмуну мундариҷа эҳдо мекунад. Чунончӣ, дар маъракаи яке аз олимони номвари кишвар падари арӯс ба навхонадорон се китобро ҳадя намуда,баробари орзуҳои нек сабаби ин амалашро шарҳ дод, ки аҳли нишастро маъқул афтод: “Бо эҳдои китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” гуфтаниам, ки донистани таърихи Ватан ва фарзандони номвари он қарзи шаҳрвандии Шумост. Китоби “Насиҳатнома”-и Унсурмаолии Кайковус бошад, Шуморо беҳтарин раҳнамо дар роҳи пуршебу фарози зиндагонист. “Девон”-и Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бошад, ба Шумо муҳаббат ато мекунад ва ба ҳаёт дилгарм медорад.”

Ба ибораи дигар, тӯй танҳо аз рақсу бозӣ иборат нест, балки он як саҳифаи рангинтарин, хонотарин ва пурмазмунтарини китоби зиндагӣ бояд бошад,ки барои ояндагони авлод мерос хоҳад монд. Аз ин рӯ, дар барпо намудани тӯй машварату маслиҳати инсонҳои оқилу рӯзгордида, ашхоси соҳибназару соҳибистеъдод ва соҳибзавқ муҳим мебошад, то маърака хотирмон, пурмазмун, аз рӯи сенарияи махсус дар сатҳи баланд баргузор гардад. Ба як маънӣ, дар баргузории тӯй на ба моддиёт, балки ба маънавиёт бештар арҷ гузоштан моро ба ҳадаф наздик хоҳад кард.

Амалӣ шудани қонун дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Инсони соҳибназар хушбахтии фарзандонро на дар маъракаҳои силсилавии пурдабдаба, балки дар интихоби дурусти ҳамсар барои фарзанд, ҳам аз назари саломатии ҷисму руҳ ва ҳам аз назари ахлоқ хоҳад ҷуст. Махсусан эътибор додан ба муоинаи ҳамаҷонибаи духтур, эътироз намудан аз никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона аз масоили муҳими ҳалталаб маҳсуб мешаванд,ки дар сурати иштибоҳ варзидан дар ин ҷода тӯю маъракаи пурдабдаба ба доди ӯ нахоҳад расид.

Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” дар баробари рисолати як дастури пурмуҳтаво оид ба гузаронидани маъракаву чорабиниҳои оилавиро адо кардан барои мардуми оддӣ ва миёнаҳол раҳнамо ва ҳомии тавоноест аз таънаву маломати баъзе аз афроди ҳангоматалабу забондароз. Зеро иҷрои қонун барои ҳар як сокини кишвар фарз аст ва саркашӣ ё итоат накардан ба он шаҳрвандро ба ҷавобгарӣ мекашад. Пас таънагар медонад,ки соҳиби маърака аз рӯи қонун амал менамояд ва худи ӯ низ бояд бар он итоат намояд.Ба иборати дигар, ин қонун ҷомеаро аз таассубу қиёси беақлона раҳо бахшида истодааст. Воқеан чунончӣ дар боло зикр шуд, ҳангоми хонадоркунии фарзандон волидайн саргарми тӯю дастурхони пуробуранг муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фардои ҷавононро сарфи назар менамоянд.

Чунончӣ, дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ду оила мехоҳанд, пайванди хешу- таборӣ барқарор намоянд. Дар асоси хостгорӣ ва ошноии арӯсу домод тасмим мегиранд, тӯй барпо шавад. Қабл аз ақди никоҳу гузаштан аз муоинаи табибон сарфи назар аз танзим маъракаи “Тӯйбарон” баргузор менамоянд ва эълом медоранд,ки фалон рӯз тӯй баргузор мешавад. Бо амри тақдир, ҳини аз муоина гузаштани арӯсу домод муайян мешавад,ки ҷавон гирифтори бемории сирояткунанда асту бо ӯ хонадор шудан хатар дорад. Орзуҳо ва нақшаҳои тӯй дар як он ба чӣ табдил ёфт? Магар муоинаи табибон ва огоҳ шудан аз саломатии ҳамсафари якумрии фарзанд аз тӯйбарону маъракаҳои зиёдатӣ муқаддамтар нест?

Ё як нафар зан,ки инак шашум фарзандашро ҷиҳати беморӣ аз даст медиҳад, волидайнашро айбдор мекунад,ки ба хотири ба дӯстдоштааш надодан замоне ӯро бо писари холааш хонадор карданду инак, бори шашум доғи фарзанд мебинаду давоми 30 соли ҳамхонагӣ як рӯзи шодиро надидааст. Магар пеш аз тӯй соате аз фардои фарзандон андеша кардан, маслиҳати оқилонро гирифтан муқаддамтар аз ғами дастурхони зебо ва даъват кардани сарояндаи номдор нест? Аз ин рӯ, Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” моро водор менамояд, ки аз ҷаҳони танги фаҳмиши арзишҳои зиндагӣ фаротар равем ва ба маънии хушбахтии воқеӣ бирасем. Имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд,ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист,ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меис-тад,ки хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст. Ва ин аст,ки яке аз муҳимтарин рисолати Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раҳнамун сохтани мардум ба ҷодаи маърифати ҳақиқати зиндагист.

Саидумрон Саидов

Share