Печать

Медали нуқра муборак бошад

(0 votes, average 0 out of 5)

Лозим ба қайд аст, ки таълиму тарбияи воло ва масъулият дар болоравии сатҳи донишу маърифати хонандагон дар навбати аввал ба дӯши муассисаҳои таълимӣ бошад, ҷойи дигар назорати ҷиддӣ ва аҳамият дар масъалаи донишандӯзии хонандагон вазифаи падару модарон аст.

Ҳафтаи сипаригардида хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 Алиева Парвина дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки дар мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз фанни забони русӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гардид ва бо медали нуқра ва Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон ба ӯ ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” тӯҳфа карда шуд.

Дар ин росто қайд бояд намуд, ки аҳли коллективи МТМУ №1, бахусус омӯзгорони фаннӣ Байгина Р.С ва Саъдоншоева Х. барои таълим ва тайёр намудани Парвина Алиева саҳми бузург доранд ва дар ин ҷода ба онон миннатдории аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро баён менамоем.

Дар ҳақиқат ширкати фаъолонаи Алиева Парвина дар озмуни ҷумҳуриявии фаннӣ туҳфаи арзандаест бахшида ба 25-солагии таъсисёбии шаҳри Истиқлол ва 80- солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар.

Офарин ба чунин волидайн, ки масъулияти хешро дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзанд эҳсос намуда, фарзанди хешро дар рӯҳияи донишандӯзӣ тарбия намудаанд. Ҷойи ифтихорӣ муборак, Парвина!

Share