Print

Таваҷҷуҳ ба наврасони ятим

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Бо мақсади дастгирӣ ва кӯмак ба нафарони ятим ва бахшида ба Рӯзи пойтахт санаи 20-уми апрели соли равон дар шаҳр силсилачорабиниҳои иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд. Чун ҳарвақта дар Маркази саломатӣ ин нафаронро аз муоинаи тиббӣ ройгон гузаронида, бобати вазъи саломатии эшон табибон дар як вақт ба онон дастурҳо ва маводҳоро, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд тақдим намуданд.

Сипас масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди МИҲД-и шаҳр ононро барои тамошои Осорхона, ки дар бинои Қасри фарҳанги шаҳр ҷойгир аст бурда, ба мероси таърихии шаҳр аз наздик шинос намуданд.

 

Ҳамон рӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин нафарон мулоқот баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода ва муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р., ширкат варзиданд.

 

Қайд гардид, ки давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ ба ятимон таваҷҷуҳи беш аз пеш равона намуда истодааст ва чорабинии имрӯза дар партави ҳамон дастурҳои инсондӯстона ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон ба онон чун рамзи таваҷҷуҳ туҳфапулиҳо ба ҳар яке ба маблағи100 сомонӣ аз номи раиси шаҳр тақдим карда шуд. Дастурхон низ барои болидахотирии онон ташкил гардид.

Мухбири “НИ”

Share