Печать

Вохӯрии аҳли маъмурияти Литсей бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 17-уми майи соли равон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии ҳайати маъмурияти МДТ “Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол” дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо аҳли омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҷалби хатмкунандагон барои касбу ҳанаромӯзӣ ба литсей, тарғиби рафтори намунавӣ, масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанд, боло бардоштани ҳисси эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллию давлатӣ ва дигар масъалаҳо буд, ки директори литсей Н.Ниёзов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш И.Исроилов ва намояндаи шуъбаи маориф М.Бурҳонов баромад намуданд.

Рафти чорабинӣ якчанд нафар омӯзгорон арзи миннатдории хешро барои ташкили чорабинии мазкур баён намуда таклиф карданд, ки дар оянда рӯзҳои дарҳои кушодро дар литсей ташкил намоянд то хатмкунандагон аз фаъолияти ин муассиса аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Дар охир якчанд барномаҳои мусиқӣ пешкаши нишастагон гардонида шуд.

Мухбири “НИ”

Share