Печать

Варзиш гарави саломатист

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 20-уми майи соли 2018 назди Нишони давлатии шаҳр чорабинии варзишии Дави миллӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода, роҳба-рият ва кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо, ҷаво-нон ва наврасон фаъолона ширкат карданд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 2000 нафар шаҳрвандон ширкат доштанд. Чорабинӣ аз рӯи давидан ба масоҳати 3км, 5км ва 10км байни сокинони синну соли гуногуни шаҳр ташкил гардид. Иштирокчиёни Дави миллиро машинаҳои ёрии таъҷилӣ ва бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Бо боварии том гуфта метавон, ки ҷавонону наврасони шаҳр ба варзиш шавқи беандоза доранд.

Мухбири “НИ”

Share