Печать

Табрики Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҷавонони арҷманд!

Пеш аз ҳама Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар фазои осоиштаву амният ва ваҳдату муттаҳидии халқи Тоҷикистон баргузор мегардад табрику таҳният намуда, бароятон бурдбориву шоистагӣ ва парвози баландро дар саҳнаи рӯзгору фаъолият таманно дорам.

Шумо хушбахттарин наслҳои замони худ ҳастед, зеро ҳастиву саодати баркамолатон бо истиқлолияту соҳибихтиёрии ватани азизамон ҳамрадиф мебошад ва ин дастовардҳо иртиботи қавӣ андар волову беҳтар гардидани сатҳи маърифату дониш ва илмомӯзии Шумо дорад.

Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёмҳову дигар баромадҳои хеш ҷавононро ояндасози давлат ва арҷгузори дигар муқаддасоти миллӣ номидаанд. Аз ин хотир, ба тавсиб расидани якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қабули Барномаҳои давлатӣ барои рушди самти ба фаъолияти ҷавонон алоқаманд аз ин дастгириҳои ҳаматарафаи эшон дарак медиҳад.

Махсусан дар шаҳри азизамон Истиқлол пурра ва ба таври замонавӣ таъмир гардидани Маҷмааи варзишӣ, Маркази саломатӣ, Қасри фарҳанг ва дар соли равон ташкил гардидани Федератсияи футбол ва дастаи мунтахаби футболи “Металлург” шаҳодатдиҳандаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба сокинони шаҳр, алалхусус ҷавонон мебошад.

Дар ҷавоби ингуна ғамхориҳо ҳастанд ҷавононе, ки иқдоми шоиста барои ободии Ватани азизи хеш доранд. Ва мо бо ин ҷавонони меҳандӯсту ватанпарвар ифтихор низ дорем. Чуноне ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш қайд намудаанд: «Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Мову Шумо, ҷавонони азиз, бояд саҳм ва иштироки бевосита дар обод гардонидани шаҳри Истиқлол, ки як гӯшаи бузурги Тоҷикистони азизамон маҳсуб меёбад дошта бошем, инчунин тарғибгари сулҳу дӯстӣ ва ягонагиву иттиҳод бошем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба кулли ҷавонони шаҳр Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро бори дигар табрик менамоям ва итиминони комил дорам, ки бо истифода аз нерӯи бузурги Шумо ҳар гӯшаи шаҳрро дар оянда обод хоҳем кард.

Бигзор истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин дастовард барои Тоҷикистониён ҳастанд, ҳамеша ҷовидон монад ва иқболи накӯву бахти баланд сари ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ҳукмрон гардад.

Ид муборак, ҷавонони саодатманди шаҳри Истиқлол!

Share