Печать

Омодагӣ ба тирамоҳу зимистон

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 18-уми майи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳр Н.Комилзода ҷаласаи навбатӣ оиди омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2018-19 дар шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Рафти суханронии хеш Комилзода Н. аз роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳр доир ба тайёриҳо ба зимистони оянда бозпурсӣ намуда, таъкид намуданд, ки бояд муассисаҳои то фарорасии тирамоҳ ба зимистонгузаронӣ омода карда шаванд.

Ҳамчунин ҷиҳати захира намудани намак ва қум, инчунин оиди тоза намудани таҳхонаҳо масъулини соҳаи хизмати коммуналӣ дастур гирифтанд.

Ба масъулини Раёсати молияи шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағҳо ба муассиса ва корхонаҳо барои харидорӣ намудани ангишт, ҳезум, шишабандӣ намудани тирезаҳо ва инчунин барои харидорӣ намудани намаку қум дар роҳҳо ва дигар эҳтиёҷотҳо дастур дода шуд.

Бояд масъулини корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ҳар моҳ ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокими-яти давлатии шаҳр ахбороти хаттӣ оид ба рафти омодагиҳо ирсол намоянд.

Мухбири “НИ”

Share