Печать

Изҳороти аҳли маорифчиёни шаҳри Истиқлол ба муқобили собиқ ҳизби террористии наҳзат

(0 votes, average 0 out of 5)

Мо аҳли маорифчиёни шаҳри Истиқлол шоҳид бар онем, ки кишварамон Тоҷикистон имрӯз давраи инкишофро паси сар намуда истодааст ва дар фазои он суботу оромӣ ва тинҷӣ ҳукмфармост. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушди куллӣ ба назар мерасад ва хусусан ба соҳаи илму маориф дар кишварамон сол аз сол таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона карда шуда истодааст ва мо шоҳид бар он ҳастем.

Вале дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз муаммои шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ боқӣ мемонад ва мо хуб медонем, ки тоифае буданду ҳастанд, ки фарҳанги диниро истифодаи суди хеш қарор дода, бо ҳар роҳ мехоҳанд тундгароиро, ки сабабгори асосии дурӣ аз озодандешиву пешравӣ аст дар ҷомеа тарғиб намоянд.

 

Мо шоҳид будем,ки солҳои 90-уми асри гузашта бадхоҳони миллати мо бо роҳандозии собиқ ҳизби террористии наҳзат бо кӯмаки якчанд афроди хоин бар зидди давлату миллатамон муборизаи беамон бурда ҷанги таҳмилиро давом медоданд. Ин бадбахтҳо гумон надоштанд, ки хоҷагони хориҷиашон бо истифода аз нерӯи онон фаъолони ҷомеаи моро нобуд месозанд.Ахиран маълум гардид, ки ин афрод нақшаҳои хиёнаткорона ва чоплусонаи кадом аз давлатҳои ба мо “дӯсту бародар”-ро иҷро мекарданд. Мутаассифона ин амалҳои номатлуб зери шиори динӣ анҷом дода мешуданд.

 

Дар ҳаққи ин тоифаи гумном устод Фирдавсӣ чунин баён намудааст:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Лозим ба қайд аст, ки шарти асосии зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро бузургону аҳли маърифати ҷаҳон дар илму ҳунар омӯхтан, инсонро дӯст доштан, некӣ намудан ва дигар амалҳо хуб дидаанд. На монанди собиқ ҳизби террористии наҳзат ва бародарону оғоҳояш,ки бар сари мардуми мо фақат тафриқаву бало оварданд.

Имрӯз чуноне ки мо медонем барои таълимоти динӣ ҷавонони кишвари мо ба давлати Эрон рафта таҳсил намуда истодаанд. Боварии комил дорем, ки ин кишвар наҳзатиёнро дастгирӣ мекарду карда истодааст ва таълимоти ин ҷавонон зери суол боқӣ мемонад. Он афроде, ки ба куштори олимону зиёиёни кишвари мо даст доштанд таълимоти диниро низ дар ин кишвар гирифта буданд. Ба ҳамин хотир бояд падару модарон, ки фарзандашон дар ин кишвар таҳсил мекунад бояд ҷиҳати баргардонидани онҳо кӯшиш намоянд. Ҳоло дер нашудааст. Дар маконе, ки некбинӣ вуҷуд надорад ва эҳтиром ба муқаддасоти миллати дигар нест таълимот низ дар чунин зина ба камол мерасад.

Саъдии бузургвор фармудааст:

Гар нишинад фариштае бо дев,

Ваҳшат омӯзаду хиёнату рев.

Аз бадон некӯи наёмӯзӣ,

Накунад гург пӯстиндӯзӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ хуб баён намуданд, ки онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.

Имрӯз фаъолони собиқ ҳизби террористии наҳзат дар кишварҳои дигар низ суханбозиву ҳашаматсозӣ ва тафриқаандозӣ доранд ва гумон дорем, ки қадами номубораки наҳзат, ҳар куҷо гар расад онҷо кинаву адоват реша медавонад.

Аз ин рӯ мо аҳли маорифчиёни истиқлолӣ минбаъд низ барои ба камол расидани насли ояндасоз ва бомаърифату ватандӯст аз тамоми имконот истифода менамоем.

Маорифчиён ва омӯзгорон:

1. А.Мазамбекова

2. Н.Ниёзов

3. М.Ниёзов

4. М.Бурҳонов

5. Г.Назарова

6. О.Гадоев

7. Исозода Ш

8. Б.Абдукаримов

9. С. Холбоев

10. М.Абдукаримова,

11. Т.Воҳидов,

12. Қ.Боймирзоева

13. А.Дӯстмуродов

14. Ҳ.Ботуралиева

15. Л.Кенҷаева

16. И.Ниёзов

17. А.Расулов

18. С.Холбоева

19. Л.Мадумарова

20. Ш.Ахмедов

21. А.Ҷабборов

22. Ш.Шарифов

23. С.Ҳоҷиматова

24. Г.Тоҳирова

25. М.Шарипова

26. Ҳ.Қаландаров

27. И.Аюбов

28. Г.Зокирова

29. Ф.Муҳаммадиева

30. Н.Ҳозимзода

Share