Печать

Ғолиби озмуни “Хонандаи сол-2018”

(0 votes, average 0 out of 5)

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ ва омода намудани онҳо ба давраҳои минбаъдаи озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мунтазам талош меварзад. Яке аз ин иқдомҳо баргузории даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» байни хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимии шаҳр мебошад.

 

Тибқи Низомномаи Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди маорифи вилояти Суғд» озмуни вилоятии «Хонандаи сол» ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр аз 04.05.2018, №82, санаи 21.05.2018 дар байни хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимии шаҳр даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дар МТМУ №2 баргузор гардид.

 

Озмун аз рӯи 4 шарт баргузор гардида, дар он 6 нафар хонандагони синфи 9-и муассисаҳои таълимии шаҳр, Каримова Озода хонандаи синфи 9-и МТМУ №1, Сатторов Ҷасур хонандаи синфи 9-и МТМУ №2, Юлдошева Садаф хонандаи синфи 9-и МТМУ №3, Сайдалиева Фарзона хонандаи синфи 9-и МТМУ №4, Эшматова Гӯзал хонандаи синфи 9-и МТМУ №5 ва Ёрзода Гулбаҳор хонандаи синфи 9-и МТМУ №6, ширкат варзиданд. Озмун дар сатҳи баланд ва шаффофу диққатҷалбкунанда баргузор гардид. Хонандагон бо як руҳияи баланди илмдӯстӣ, маҳорату малака ва истеъдоди ҳунармандии худ талош варзиданд. Баъд аз иҷроиши шартҳо аз тарафи иштирокчиёни озмун, ҳайати ҳакамон ба маҳорату малака ва истеъдоди хонандагон баҳогузорӣ намуданд.

Дар натиҷа бо гирифтани 99 хол ҷойи 3-юм насиби Сатторов Ҷасур хонандаи синфи 9-и МТМУ №2, бо гирифтани 101 хол ҷойи 2-юм насиби Ёрзода Гулбаҳор хонандаи синфи 9-и МТМУ №6 ва ҷойи аввал бо соҳиб шудани 111 хол насиби Каримова Озода хонандаи синфи 9-и МТМУ №1 гардид.

Дар охир директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф Д.Шукурова ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр И.Исроилов ба сухан баромада, ба ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмуни «Хонандаи сол» арзи сипос ва миннат-дорӣ намуда, ба ғолибони озмун Диплом барои иштироки фаъолона Сипоснома ва тӯҳфаҳо супорида озмунро ҷамъбаст намуданд.

Шукурова Дилрабо

Share