Печать

Омодагӣ ба ифтихори ҷашни бузург

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 28-уми майи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии намояндаи ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати кишварамон сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З.Қ. бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулини корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳр ва раисони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.

 

Дар ин ҷаласа Файзуллозода З.Қ., баромад намуда, доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият, болоравии сатҳи зиндагии мардум, тинҷиву оромӣ, раванди хуби ташкили корҳои созандагӣ, беҳтар гардидани сармогузории хориҷӣ, ки бо ташаббус ва заҳматҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, суханронӣ кард.

 

Иштирокчиёни ҷаласаро Файзуллозода З.Қ., ба ҳама бандҳои Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри иҷрои фармону амр ва дигар дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон таҳия гардидааст, мушаххас шинос намуда, қайд кард, ки бояд ҳар як фаъоли шаҳр ба ифтихори ин ҷашни бузург дар кадом соҳае фаъолият менамояд баҳри ободии шаҳр саҳмгузор бошад.

 

Бояд дар шаҳр бахшида ба ин ҷашн майдонҳои варзишӣ, ҳаммомҳо, кошонаҳои ҳусн, мағозаҳои ҳозиразамон, меҳмонхо-наҳо, коргоҳҳои хурди саноатӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва дигар маконҳои хизматра-сонӣ ба аҳолӣ бунёд карда шаванд ва аллакай барои ташкили корҳои созандагӣ иқдом гузошта шуда истодааст.

Тибқи талаботи Протоколи мазкур бо амри раиси шаҳр ҳайати гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои мукаммал оид ба пешвози ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон таҳия карда мешавад ва аз рӯи он корбарии ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар охири ҷаласа раиси шаҳр Худойназар Амонзода баромад намуда қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолон ҷиҳати ташкили корҳои созандагиву ободонӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди истиқлоли-яти давлатии кишварамон аз тамоми имконот истифода бурда, ин ҷашни бузургро бо дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳанд намуд.

Баъди анҷоми ҷаласа Файзуллозода З.Қ., аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, боғу гулгаштҳо, корхонаҳо, бозор ва дигар мавзеъҳои шаҳр дидан намуда, масъулини МИҲД-и шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатиро муваззаф намуд то ҷиҳати таъмир, азнавзозӣ ва умуман ҷиҳати ба тартиби муайян даровардани коргоҳҳо, риояи меъёрҳои фаъолият, беҳдошти ҳолати санитарӣ ва ҳалли дигар муаммоҳо кӯшиш намоянд.

Мухбири “НИ”

Share