Печать

Сафари кории Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 25-уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол ташриф оварданд. Сараввал раиси вилоят аз корхонаи металлургӣ дидан намуда, доир ба мавҷуд будани муаммоҳо дар самти фаъолияти корхонаи мазкур изҳори нигаронӣ карданд ва аз роҳбарияти корхона даъват ба амал оварданд, ки бояд дар вақтҳои наздик ин муаммо бартараф карда шуда, фаъолияти мунтазами корхона таъмин карда шавад. Қайд гардид, ки дар ин корхона бояд 600 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кор қабул карда шаванд ва ҳамзамон ҳайати роҳбарияти шаҳр ва Минтақаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ҷиҳати оғози бунёди корхонаи мисбарорӣ кӯшиш ба харҷ намоянд.

Дастур дода шуд, ки ҳайати роҳбарияти корхонаи металлургӣ бояд барои бунёду мумфарш кардани роҳҳои дохили шаҳр, бунёди мактабу боғчаҳо ва дигар дастгириҳои иҷтимоӣ саҳми худро расонанд.

Рафти ин сафар як нафар сокини шаҳр оиди ҳалли муроҷиаташ ҷиҳати дастгирии моддӣ ва таъмин шуданаш бо ҷойи кори доимӣ миннатдории хешро ба Раиси вилоят баён намуд.

 

Ҳамзамон раиси вилоят аз бинои прокуратураи шаҳрӣ дидан намуда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро доир ба амнияти аҳли ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, назорат ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дастур доданд.

 

Ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба шаҳр, инъикоси хонаҳо, ки бо меъмории олмонӣ сохта шудаанд, ташкили корхонаҳои хурди саноатӣ, ҳаммомҳо, кошонаҳои ҳусн, ташкили марказҳои рушди ҳунарҳои миллӣ, ҷалби бонувон ба касбомӯзӣ ва ташкили дигар корҳои созандагӣ раиси вилоят масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф гардониданд.

Қайд гардид, ки оянда шаҳри Истиқлол бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз шаҳрҳои саноатии бузург табдил хоҳад ёфт ва дар ин раванд бояд ҳар як фаъоли ҷомеа барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳм гузорад.

Мухбири “НИ”

Share