Печать

Табрики Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Падару модарон ва наврасони арҷманд!

Ҳамаи Шуморо бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки чун анъана ҳамасола якуми июн дар ҳамаи гӯшаю канори кишвари азизамон ботантана таҷлил мегар- дад, самимона табрик менамоям.

Воқеан, кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ нисбати онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

 

Масъалаи ҳифзи кӯдакон-масъалаи хеле муҳим буда, таваҷҷуҳи махсусро металабад, зеро онҳо ояндаи миллату давлатанд. Давлату ҳукумати кишварамон куллан тамоми тадбирҳо андешидааст, то ки кӯдакон дар муҳит ва шароити шоиста зиндагӣ дошта бошанд ва аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода намоянд. Ҳоло дар мамлакат даҳҳо маркази саломатии шаҳриву ноҳиявӣ, шуъбаҳои кӯдакона ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба кӯдакон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Бо назардошти ин нукта ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакатамон масъалаҳои вобаста ба беҳдошти саломатии кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардида буд.

 

Соли равон бо мақсади фарогирии кӯдакон ва наврасон ба таълим дар шаҳр сохтмони ду кӯдакистони нав ба роҳ монда шуда истодааст, ки боз барои беҳтар гардидани шароити таълими томактабӣ дар шаҳр мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кӯдакон дар маҳаллаи якум ва дигар мавзеъҳо майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона сохта ба истифода дода истодааст ва то охири сол бояд 10 адад чунин майдонҳо ба истифода дода шаванд.

Ҳамаи мо, аз ҷумла ҳар як шахси бонангу номус ва ашхосе, ки тақдири минбаъдаи Ватан барояшон азиз аст, бояд дар хотир дошта бошанд, ки кӯдакон ояндаи мо мебошанд ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва давлат аст.

Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамшаҳриёни азизро бори дигар ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор, хонаи обод ва барори кор орзумандам.

Share