Печать

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии шаҳр дидан кард

(0 votes, average 0 out of 5)

Субҳи 14-уми июли соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат аз рафти фаъолияти корхонаи металлургӣ дидан намуд. Рафти боздид дар яке золҳои нишасти корхона бо ҳайати маъмурият ҷаласаи фаврӣ аз ҷониби Бобозода Шавкат даъват карда шуд. Сараввал вазир аз ба роҳ намондани истеҳсолот дар корхона давоми 6 моҳи охир изҳори нигаронӣ намуда, бобати ҳалли муаммои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд. Дар бобати ҳалли муаммои об, ки корхона айни замон эҳтиёҷ дорад дастур дода шуд, ки дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили хати об ба корхона тадбирҳои муассир андешида шаванд.

 

Тибқи пешниҳоди раиси шаҳр Худойназар Амонзода лоиҳаи таъмини об ба корхона омода карда шудааст ва тибқи нақша аз ҷониби КВД “Нури Ховар” хати об ба корхона оварда мешавад. Дар ин асно Бобозода Шавкат бобати саривақт ва дар рӯзҳои наздик ҳалли ин муаммо, ҳамзамон бобати дастгирии молиявӣ ва кӯмак барои татбиқи лоиҳа маъмурияти корхонаи металлургиро вазифагузорӣ кард. Қайд гардид, ки корхона бояд бо иқтидори пурра ба истеҳсолот оғоз намояд ва аз ҷониби маъмурияти корхона ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳо қайд карда шуд, ки дар ин маврид аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

 

Ҳамзамон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат аз рафти фаъолият дар КВД “Нури Ховар” низ дидан кард. Дар аввали ташриф меҳмонон ба коргоҳи дӯзандагии корхонаи “Нури Ховар” рафтанд. Дар ин коргоҳ вазир аз кори ҳунармандон-мутахассисон, ки айни замон ба дӯхти қолинҳои хурд, либосҳои мактабӣ ва дигар ашёҳои лозима машғул буданд шинос шуда, бо мутахассисон суҳбат намуд. Дастур дода шуд, ки фаъолият бояд босифат ба роҳ монда шавад. Лозим ба қайд аст, ки соли равон тибқи шартнома бо шуъбаи маорифи шаҳр либосҳои мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ дӯхта шуда истодааст ва то аввали соли хониш сару либос дастрас карда мешавад. Рафти ташриф аз ҷониби яке аз мутахассисони ин сех ба вазир ҳамчун нишонаи фаъолияти бонувони ҳунарманди шаҳр як адад маҳсули ҳунар тақдим гардид.

Ҳамчунин Бобозода Шавкат аз коргоҳи коркарди резина ва сехи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дидан карда, маъмурияти корхонаро вазифагузорӣ намуд, ки истеҳсоли босифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯй бояд ба роҳ монда шавад ва аз ҳама муҳим ҷиҳати дарёфти ҷойҳои холии корӣ, ба танзим даровардани коргоҳҳои хурду миёна бояд роҳбарияти корхона кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Мухбири “НИ”

Share