Печать

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ- қарзи шаҳрвандӣ

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Санаи 1-уми октябри соли равон маъракаи гусели даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Истиқлол дар майдони Парчами давлатӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ муовини якуми раис шаҳр А.Шарифзода ширкат варзида, ҷавононро барои даъват шудан ба хизматӣ ҳарбӣ шодбош гуфт. Ҳамзамон якчанд фаъолони шаҳр низ баромад намуданд. Як нафар ҷавон, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти олӣ барои хизмат ба комиссариати ҳарбӣ саривақт ҳозир шуд баромад карда, ҷавононро барои адои ин қарзи шаҳрвандӣ даъват кард.

Сипас аз ҷониби фаъолони шаҳр ба даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамзамон ба даъватшавандагон дастурхони идона густурда шуд.

Share