Печать

Терроризм ва хатарҳои он

(0 votes, average 0 out of 5)

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд, аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Экстремизм аз воҷаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

 

 

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷиноягкорон дар кадом шакле ки набошад, бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеӣ гардонида мешуданд.

 

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст, зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Онҳо иборат аз Ал-Қоида, Ҷамоа-ал-исломия (Миср), ЕТА («Ватан ва озодии баскӣ»), Ҷумбиши мухолифати исломии Ҳамос; Ҳизби исломии Туркистон (Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон) ва ғайра мебошанд. Дар воқеъ сернуфузтарин ташкилоти террористии байналхалқии муосир «Ал-Қоида» мебошад. Террористони гурӯҳи мазкур новобаста аз оне ки бештар дучори таъқиб ва амалҳои зиддитеррористии коалитсияи байналхалқӣ мегарданд, тадриҷан пурқудрат мешаванд. Ба гурӯҳи мазкур гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳамроҳ гашта, онро ба ҳаракати террористӣ табдил додаанд.

Тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оид ба амалиёти террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавҷуд нест, аммо маълумот оид ба кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ доранд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соли 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиёти террористии байналхалқӣ pyx додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони дасисаҳои террористон гаштанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад, зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Мустафо Нуруллоев

Донишҷӯи соли сеюми МДТ

“ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Share