Печать

Мубориза бар зидди терроризм-вазифаи ҳар як шаҳрванд

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мафҳуми терроризм чунин омадааст:

«Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани  (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои  ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд  ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир  ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти  байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти  ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад». (ҚҶТ 12.05.07 №246)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрию мулоқотҳояшон ба мардуми кишвар таъкид менамоянд, ки ба қадри ҳаёти осуда бирасем, сулҳу оромӣ ва неъматҳои доштаамонро эҳтиёт карда, бо меҳнати содиқонаву софдилона фардои худро обод созем. Дар ин замина ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ диҳем, то онҳо пас аз мо давоми рӯзгори шоду Ватани ободи мо бошанд. Нагузорем, ки фарзандони мо гӯш ба ҳарфи дигарон андозанду ба роҳу кори хато раванд.

Шаҳрвандоне, ки ба дунболи фиребу найранг рафтаанду ба равияҳои ифротгаро, террорист ва экстремистҳо пайвастаанд, дер ё зуд хатои худро мефаҳманд, вале он вақт дер мешаваду бори гарони мусибаташ душбори мову шумо мегардад. Аз ин рӯ, аз ҳама гуна имконот истифода бурда, коре бояд кард, ки фарзандони мо ба доми фиребу найранги нокасон наафтанд.

Яке аз сабабҳои асосии шомил гаштани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ин кофӣ набудани маълумоти дунявию динӣ ва мазҳабии эшон аст. Бадқасдону ифротиён аз ин ҳолат истифода намуда, ҷавононро гирифтори доми фириеб месозанд. Чунин амал то ҷое бурда мерасонад, ки ҷавонони гумроҳу сарсупурдаи ақидаҳои ифротии хоҷагони хориҷӣ дигар гӯш ба панду насиҳат ва зорию таваллои волидону пайвандони худ намедиҳанд ва миллату Ватанро мефурӯшанд.

Дар моддаи 14-и Қонуни мазкур омадааст: «…Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳои онҳо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувоҳӣ медиҳанд, фавран хабар диҳанд.

Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медиҳад…»

Танҳо бо фишор ва  қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан бо гурӯҳҳои ифротӣ кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерӯ ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем. Имрӯз қишри солимфикру некбину ояндасози ҷомеа метавонад аз имконоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии худ истифода бурда, фарзандону ёрону дӯстонро дар рӯҳияи хештандорӣ, ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва инсонгароӣ тарбия намуда, намунаи ибрат бошанд. Ҳарчанд мегӯянд, ки гулистон бехор намешавад, вале ба андешаи мо агар гулҳо ба ҳам оянду базм ороянд, хор ҳам гул мекунад.

Менеҷери муассисаҳои
кӯмаки аввалияи тиббию
санитарии шаҳр В.Ғоибов

Share