Печать

Терроризм-муаммои доғи рӯз

(0 votes, average 0 out of 5)

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим қайд карданд ва сохторҳои қудратӣ, фаъолон ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро барои ҳушёру зирак будан, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи суботу оромии ин сарзамин дастур дода буданд.

То имрӯз якчанд вохӯриҳо бо сокинони шаҳр бобати масъалаи пешгирии даст задани ҷавонон ба  амалҳои номатлуб, алалхусус шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ташкил намудем ва ҳамзамон тариқи рӯзномаи маҳаллии «Навиди Истиқлол» якчанд мавод нисбати ин масъала рӯи чоп омадааст.

Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии «Ал-Қоида», «Салафия», «Ҳизбуттаҳрир», «ҳаракати исломии Узбекистон», «Толибон», «Ансоруллоҳ», «Ихвонулмуслимин», «Лашкари Тайиба» «Давлати Исломӣ», «Таблиғ», «Ҳизби исломии Туркистон», «ҲНИТ» ва ғайраҳо манъ карда шудааст. Зеро ин гурӯҳҳо ҷавононро тариқи барномаҳои интернетӣ ва махсусан дар дигар кишварҳо  барои даст задан ба амалҳои номатлуб ҷалб намуда истодаанд. Барои ҳамин бори дигар ба ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат менамоям, ки шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бар зарари худи эшон ҳаст ва ин ҳаракатҳо инсонро аз дину диёнат ва одобу одамгарӣ бурун месозанд. Дар таҷриба ҳаст, ки аксари шомилшавандагони ин ҳаракатҳо нафарони камтаҷрибаву бесавод ва бемаърифат ҳастанд.

Менигарем ба ҳолатҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир, хусусан ба созмон додани гурӯҳҳо, ҳизбҳои динӣ. Магар дини Ислом ба ҳизб ниёз дорад, албатта не, талаботи ин дини пок, танҳо чуноне, ки дар боло зикр кардам ягона ҳаст барои ҳамаи мусалмонҳои олам. Ин мисоли оддӣ ҳаст. Ин гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ба ном исломӣ инсонҳоро, ки ҳама офаридаи як Худой ҳастанд ба табақаҳо ҷудо намуда истодаанд, баъзеро ғайри дин, баъзеро кофир, дигареро фалон басмадон. Пас чаро худ ба амалҳои номатлуб даст мезананд? Ин пасипарда хиёнатҳоро Худой нахоҳад бахшид.

Бояд ҷавонон донанд, ки вакте  нафаре Шуморо ба «роҳи рост» ҳидоят менамояд, сад дар сад ӯ худ аз ин роҳ безор аст, бо гумроҳ намудани Шумо ӯ пул кор мекунаду халос, аммо Шумо хуб бояд донед, ки барои пурсиши баъзе суолҳо дар доираи дин Шӯрои уламои кишвар, муассисаи таҳсилоти олии динӣ фаъолият менамояд, ё нафарони масъул дар масҷидҳои ҷомеъ фаъолият менамоянд аз онҳо пурсон шавед.

Як муаммои дигар ин аз муҳоҷират «мулло» баргаштани бархе аз ҷавонон мебошад. Лозим ба қайд аст, ки дар кишварҳои бузург майнавайронкунакҳо зиёданд ва ҷавони бетаҷриба зуд дар доми онҳо меафтад. Падару модарони гиромӣ бояд ҳар рӯз аз аз кору фаъолияти фарзанди хеш, ки дар муҳоҷират аст пурсон шаванд, зеро айни замон дар восита бо бархе аз шабакаҳои иртиҷоии интернетӣ  ки  истифодаашон мамнуъ гардидааст мутассифона ҷавонон ворид мегарданд ва як сабаби асосии гумроҳ гардидани онон ҳамин муаммо аст.

Бояд сари ҳар ҳарф бо фарзанд аз одоби накӯ доштан, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар амалҳои мақбул дархост кардан амри  қарзии падару модар аст ва дар ин замони таҳаввулоту вазъи кунунии ҷаҳони муосир диққати махсус зоҳир кардан зарур аст. Фардо дер хоҳад шуд.

Вазифаи ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ояндабин аз он иборат аст, ки ҷиҳати пешгирии ин амалҳои номатлуб саҳми фарзандии хешро гузорад, бо сохторҳои қудратии кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкории судмандро ба роҳ монад, ватанашро дӯст дорад, муқаддасоти миллию давлатиро ҳифз намояд ва асосан зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.  Танҳо бо ин роҳ мо метавонем садди роҳи муаммоҳои фаромиллӣ гардем.

Танҳо мо фаъолону аҳли ҷомеа ва падару модаронро зарур аст, ки барои тарбияи ҳаматарафаи ин қишри ҷомеа кӯшиши беш аз беш диҳем ва баҳри пешгирии даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб, махсусан шомилшавии онон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ чораҳои муассир андешем.

Маводи худро бо суханони гуҳарбори  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам ҷамъбаст намоям, ки гуфтаанд: «Вазифаи ҳамаи мост, ки мардум ва хусусан наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пурҳаводиси ҷаҳон хабардор кунем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ва як масъалаи ниҳоят муҳимро ҳамеша талқин созем, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус мебошад». Ин рисолатро мо вазифадорем ба ҷо орем.

Прокурори шаҳр,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Насриддинзода Н.М.

Share