Печать

ТЕРРОРИЗМ- МАСЪАЛАИ ГЛОБАЛӢ

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи якуми асри ХХI терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи инсоният қарор гирифта, ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва бар он хулосаанд, ки террористу ифротгаро фардест, ки таҷриба, дониши казоӣ ва ҷаҳонбинии даркорӣ надорад.

Яқин аст, ки надоштани саводи кофӣ ва гумроҳӣ дар пайи худ ҷоҳилиро ба самар меорад ва ингуна афрод дар пайи аввал ба ба хурофот рӯ меоваранд ва оҳиста –оҳиста зуҳуроти амалҳои номатлуб, яъне терроризм пайдо мегардад. Ин зуҳуротҳои номатлубро агар ба таври асосӣ бигӯем ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро барои расидан ба мақсадҳои палиди худ истифода мебаранд ва бархе аз сокинони бефаҳму ҷоҳили мо дар истифодаи онон қарор гирифтаанд.

 

Ҳамзамон бархе аз ҷавононро, ки ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ надоранд тариқи шабакаҳои интернетӣ низ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ ҷалб намуда, дар масири гумроҳии эшон ин қаллобҳо фоида ба даст оварда истодаанд. Бояд ҳар як нафар ҷавон донад, ки як ҳаракати ноҷойи ӯ, ё шомил шуданаш ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб танҳо марги фоҷиавӣ, ҳаёти сангин, ё шармандагии нобахшиданиро ба аҳли пайвандони ӯ меораду халос!

 

Дар чунин вазъият, масъулияти асосӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Байни мардум оиди муқаддасоти миллию давлатӣ, сулҳу субот ва самараи он ба таври ҳамешагӣ бояд корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монем. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккаб аст ва ин гурӯҳҳо ҳамарӯза барои коҳиши маънавии ҷомеа ва рушди падидаҳои дигари номатлуб мубориза бурда истодаанд.

Барои ҳамин моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем ва махсусан барои тарбия намудани ҷомеаи солим, кӯшишу ғайрати беандозаро роҳандозӣ намоем. Лозим ба ёдоварист, ки мубориза бар зидди ин гурӯҳҳои номатлуб на як вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Исмоилзода Д.Д.,

Муфаттиши прокуратураи шаҳри Истиқлол,

мушовири адлияи дараҷаи 3,

Share