Печать

ИФРОТГАРОӢ, ТЕРРОРИЗМ - ЗИДДИ ҲУҚУҚИ ЗИНДАГОНИИ МАРДУМ

(0 votes, average 0 out of 5)

Имрӯз масъалае, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст ин муаммои терроризму ифротгароист. Ин ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо сараввали фаъолият ва мағзашон инсоннописандӣ ва марзнописандист. Ба ҳамин хотир мову Шуморо зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ кӯшиши беш аз пеш намоем.

Кишвари азизамон - Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф нест ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон мубориза бар зидди ифротгароиву терроризмро шадидан қайд менамоянд. Хоссатан суханашон: “Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад” албатта пайи танқиди ин афроди гумроҳ зарбаи бузургест ва ҳақиқати ҳол аст.

Аз дасти фаъолияти ин гурӯҳҳои хунхор шаҳру навоҳӣ ва хоссатан то ҳатто давлатҳо валангор гардида истодаанд. Мисоли равшан давлати Сурия мебошад. Новобаста аз ин, дар натиҷаи муборизаи бадбахтонаи ифротгароён шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Мисоли равшан ба ҳалокат расидани 140 нафар мактабиён дар шаҳри Пешовари Покистон, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ рост омад шуда метавонад. Чунин ҳамлаҳои нокасона зиёд ба роҳ монда шудааст. Пас куҷост, ислому мусулмонӣ?

Аз ин маълум мегардад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳои ноинсонҳо пурра бар зидди дину оину мазҳаб аст ва бояд сокинон аз ин бохабар бошанд.

Бадбахтона, дар Тоҷикистони мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда ТЭТ ҲНИТ бо мақсадҳои нопоки хеш ва ниётҳои ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад ва фазои орому осоишта кишварро ба хоку хун оғушта кард. Аввалан ин ҳизб бино ба иттилои сарчашмаҳо низоъандозиро байни мардум афрухт, ки боиси душман гардидани ҳаммилатҳо бо якдигар гардид. Ин амали касифонаи онҳо садҳазорон сокинони кишварро бадбахту саргардон кард. Ахиран мардум фаҳмиданд, ки дар бадбахтиҳои ба сари миллат дар ҷанги шаҳвандӣ омада ТЭТ ҲНИТ ва дӯстонаш даст доранд.

Имрӯзҳо низ ин гурӯҳҳои хунхор бо ҳар восита дар бурун аз кишвар ҷавонони гумроҳи моро ба тундгароиву террористӣ ҷалб намуда истодаанд. Ин аст, ки садҳо нафар ҷавонони беақлу бетаҷриба ва бесаводу гумроҳи мо дар муҳорибаҳои мусаллаҳони Сурия ширкат доранд. Иштироки онҳо дар ин муҳорибаҳо маънӣ надорад ва фақат озурдани дили инсонҳову куштори мардум аст. Онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми мо оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд.

Бинобар ин, кишварҳои ҷаҳон ва тамоми адёни ҷаҳонӣ мавҷудияти чунин гурӯҳҳоро маҳкум карда, фаъолияти онҳоро террористӣ эълон намудаанд.

М.Ниёзов

Share