Печать

Мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Чуноне ки ҳамагон медонем санаи 4-уми майи соли равон дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ташкил ва гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шабакаҳои иттилоотӣ Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Венгрия, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Ливия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд.

Дар ин Конфронс Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида суханронӣ намуданд. Лозим ба қайд аст, кикишвари мо ба таври ҳамешагӣ дар минбарҳои сатҳи баланд доир ба хатари терроризм ва экстремизм ва пешгирии он давоми чандсолаҳои охир баромад кардааст. Пешвои миллат низ дар ин Конфронс чунин баён намуданд: “Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон - Афғонистонро батакрор таъкид мекардем.Мутаассифона, дар суҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст.Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд.”

Дар ҳақиқат имрӯз терроризму экстремизм ба хатари ҷиддӣ табдил гардида, ҷавонони гумроҳу ҷоҳили моро низ ба коми бадбахтии худ кашида истодааст. Ин гурӯҳҳо ба амалҳое даст зада истодаанд, ки бисёр боиси таассуф аст ва ягон ҳайвон чунин муносибатро ба худ раво намебинад. Дар ин замина Сарвари муаззами кишвар чунин баён намудаанд, ки террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.

Лозим ба қайд аст, ки дар ин Конфронс Пешвои миллат баён доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри ҶҶ – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Дар ҳақиқат чунин ҳам буд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ ҳодисаҳои хунинеро бар сари сокинони ин марзу бум овард, ки осебаш то ҳол мондааст ва ҳар як шаҳрванди боору номус бояд ба дасисаҳои ин гурӯҳҳои хунхор дода нашавад ва баръакс бояд бар зидди онҳо мубориза намояд. “Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.”- қайд карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронс.

Рафти суханронии хеш Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, наҷодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. ва мутаасифона террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

Дар ин роҳ ҳар яки моро зарур аст, ки фазои солимро дар ҷомеа пиёда намоем ва дар муқовимат ба ин вабои аср фаъолнокии бештар дошта бошем.

Ҳамзамон Пешвои миллат қайд карданд, ки “Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.

Дар ин роҳ эҳсоси қавии зиракии сиёсӣ ва ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба аҳолӣ бобати пешгирии шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои террористӣ саривақтӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм тавре ки Пешвои миллат баён доштанд ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Дар ин роҳ ҳар як нафар падару модарро зарур аст то ҳар як рафтори фарзанди худро зери назорати қатъӣ гирад ва то ҳатто агар фарзанд дар муҳоҷират қарордошта бошад ҳамарӯза бо ӯ дар тамос буда, хатари ифротгароиро ба таври ҳамешагӣ ба онҳо баён намоянд.

Гулов Х.Ҳ.

иҷрокунандаи вазифаи мудири бахш оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шаҳр.

Share