Печать

Аз тавбаи нодуруст, ё Раб тавба

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Таҷрибаи ҳаёт исбот кардааст, ки дар ҳама давру замонҳо нафароне буданд, ки бо риёкорӣ ва барои расидан ба номзадии “нафарони обрӯманд” аввалан динро истифода карда, сонӣ нафарони камсаводро ба худ ҷалб карданд, ки боиси тафриқа афтодан байни ҷомеа гашта буд. Низои бадбахтарин байни инсонҳо, ки то ҳатто метавонад бадбинии садсолаҳоро байни раъият амалӣ созад ин бо ихтилоф динсозист.

Фаҳмиши динӣ аслан барои миллати мо таърихи пеш аз милодро дорад. Унвони рафтору гуфтору пиндори некро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ориёиҳо тақдим карданд ва талаботи оини мусалмонӣ низ таҷассумгари аъмоли неки инсонист. Вале буданду ҳастанд ҳизбу ҳаракатҳое, ки баръакс бо “қоидаҳои нав” мехостанду мехоҳанд ихтилофи назар байни омма равона созанд. Мо медонем, ки собиқ Ҳизби террористии наҳзат дар давраи ба даст овардани муқаддасоти асосии миллӣ, яъне соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият тавонист байни мардум тафриқа андозад, ки боиси марги ҳазорҳо сокинони кишвар гардида буд ва мақсади нопоки онҳо, ба даст овардани давлат ва ҳукмрониву сарватёбӣ буд, на риояи хостаҳои динӣ!. Зиддиятофарӣ ва душмансозӣ байни инсонҳо ва ба табақа ҷудо намудани сокинони кишвар, ки собиқ ҳизби террористии наҳзат пиёда мекард ба рафтори гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористии “Алқоида”, “Таҳрир”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷомеаи Таблиғ”, “Давлати исломӣ”ва ғайра монанди дошт ва онҳо ҳамкорӣ низ доштанд. Масалан Рашид Қурбонов дар мақолаи худ “Иштибоҳи навбатии Ҳизби террористии наҳзат” тавре менигорад: “Ҳизби наҳзат таҷрибаи истифодаи муздурони хориҷиро, ки (саркардаҳои дигар ҳизбу созмонҳои дар боло номбурда ба ҳисоб мерафтанд) бар зидди ҳаммиллатони худ омӯхт. Гурӯҳҳои аҷири тоҷикситезро, аз қабили Ҷумъабойи намангониву Тоҳири Юлдош, Хаттаби урдунӣ, Абӯисҳоқи ироқӣ, Фазлурраҳмони покистонӣ ва садҳо нафар қотилони дигари хуношом ба сари тоҷик овард. Кореро кард, ки ягон хоин намекунад”. Магар ин исломгароист? Ҳаргиз на!

Ё ин ки дар мақолаи яке аз собиқ муассиси ҳизби экстремистии наҳзат домулло Абдураҳими Кӯлобӣ “Марҳалаи барҳамхӯрии ҳизби наҳзат фаро расид” қайд шудааст ,ки мардуми Тоҷикистон, чун мо аъзои ҳизб, чеҳраи дурӯғини онро дарк ва худро аз он дар канор гирифтанд... Аммо баъзеяшон, ки тиннати хуби инсонӣ надоштанд чун мулло Амриддин Табаров, ки собиқ узви фаъоли ҳизби мазкур буду дигар ба Тоҷикистон барнагашт ва ҳизбро тарк намуда, роҳбарии ҷабҳаи «Ансоруллоҳ» шуд, ба дигар гурӯҳҳои манфӣ пайваст гардиданд.

Баръало маълум аст, ки ҳизби террористии наҳзат аз аввали пайдо гардиданаш то мамнуъ эълон шудан дар кишвари мо фақат душмансозиву кинагириро миёни мардум пиёда кардааст, ки муқобили дини мубини ислом буду ҳаст. Имрӯз дар хориҷа ҳизбиёни наҳзат ба суханбозӣ боз машғуланд, вале бояд донанд, ки мо аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дигар ба дасисаҳои инсонҳои ифротӣ бовар накарда, танҳо бар зидди эшон мубориза мебарем.

Беҳрӯзи Некхоҳ

Share