шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Истиқлол

There are no translations available.

24 августи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол ташриф оварда, ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи "20-солагии Истиқлолият"-и шаҳр оғоз бахшид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо сокинони шаҳри Истиқлол бо ёдоварӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид намуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят беш аз 3 ҳазор иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин раванд ба таъмиру навсозии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, роҳбарияти вилоят тибқи нақша барои беҳтарсозии ҳолати роҳҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 3 километр роҳҳои шаҳри Истиқлол низ мумфарш карда мешавад.

 

Print
PDF

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истиқлол

There are no translations available.

24 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Истиқлол иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхта шуда, мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз дар аксари шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои қабули шаҳрвандон доир шуд ва сокинон мушкилоти худро мустақиман ба роҳбарияти вилоят расониданд.

 

Print
PDF

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони шаҳри Истиқлол

There are no translations available.

24 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни шаҳр иттилоъ дод, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар 7 моҳи соли 2018-ум 108,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 7 миллиону 576,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 566,1 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба 7 моҳи соли 2017-ум 1 миллиону 856,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109,4 фоиз иҷро гардида, 6 миллиону 99,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 522,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба 7 моҳи соли 2017 1 миллиону 165,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз259
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1928
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4581
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13447
mod_vvisit_counterҲамин моҳ9158
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта55046
mod_vvisit_counterҲамагӣ5249149

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.