ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни
давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
Табрики Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамаи шумо ва тамоми мардуми саодатманди шаҳрро ба муносибати Иди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандӣ, кушоиши кор ва комёбиҳои беназир ба нафъи миллату Ватанро орзу менамоям.
Неъмати истиқлолият ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқи азизи кишварамон иди Қурбонро чун дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ дар фазои комили сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.
Таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар шаҳр
Санаи 17-уми августи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода иштирок намуда, кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба рӯзи касбиашон табрик гуфт. Дар табрикоти хеш Худойназар Амонзода қайд кард, ки имрӯзҳо хушбахтона барои табибон тамоми шароитҳои муассир муҳайёст ва хидматрасонӣ ба мардум дар сатҳи талаботӣ қарор дорад. Танҳо ба табибон дасту дилу нияти нек метавонад роҳ ба сӯи обрӯи воло кушояд ва боиси хушнудист, ки дар соҳаи тандурустии шаҳрамон ҳастанд нафароне, ки ба саломатии мардум солиёни тулонӣ дасти кумак дароз кардаанд. Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.






















