Нишасти матбуотӣ доир гардид
Санаи 24-уми июли соли равон дар золи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми нимсолаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори оммаи маркази вилоят аз рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Шуълаи умед” ,“Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, “Согдийская правда”, “Тоҷикистон”, “Саломат бошед” ва АМИТ “Ховар” инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва корхонаву муассисаҳо ширкат варзиданд.
Ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол
Аз таърихи дастаи номдори “Курама”
Футбол (аз англисӣ: Football, «тӯби поӣ») — навъи варзиши даставист, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад, Дар айни замон аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам аст.
Бозиҳои ба монанди футбол дар байни халқҳои гуногун аз қадим мавҷуд буданд, вале аввалин қоидаҳои ин навъи варзиш соли 1848 навишта шудаанд. Соли расмии бавуҷудоии футбол соли 1863 дониста шудааст. Дар ин сол Федератсияи футболи Англия таъсис ёфтааст ва қоидаҳои ба қоидаҳои ҷорӣ наздик тасдиқ шудаанд. Чуноне ки малум аст футбол аввалин бор дар Англия таъсис ёфтааст.
Наҳзати исломӣ дипломати ҷопониро ба қатл расонд
Баҳри гиромидошти хотири олим ва сиёсатмадори ҷопонӣ, профессор Акино Ютако ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар зодбуни худи мутафаккир дар Япония бахшида ба 20-солагии ёдбуди нобиғаи бузург бо ҳузури доираи васеи коршиносони илмиву таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ва рӯзноманигорон симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла дар меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин ҳаводис мизи муддавар барпо шуд, ки дар он шореҳон ва коршиносони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд.























