«Решаҳои ноаён» - баёнкунандаи афкори носолими наҳзатиҳо
Санаи 11 июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбии техникии шаҳр тамошои филми “Решаҳои ноаён” бо ҷалби 80 нафар хизматчиёни давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, қишрҳои фаъол, аҳли зиё ва ходимони дини шаҳри Истиқлол ташкил ва баргузор карда шуд, ки худ низ ширкат доштам.
Инсон пас аз тамошои филми мазкур хулосаҳои зарурӣ бароварда барои пешгирӣ намудани ҷавонону фарзандон аз ин вабои аср, яъне терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам вусъат мебахшад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии шаҳр дидан кард
Субҳи 14-уми июли соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат аз рафти фаъолияти корхонаи металлургӣ дидан намуд. Рафти боздид дар яке золҳои нишасти корхона бо ҳайати маъмурият ҷаласаи фаврӣ аз ҷониби Бобозода Шавкат даъват карда шуд. Сараввал вазир аз ба роҳ намондани истеҳсолот дар корхона давоми 6 моҳи охир изҳори нигаронӣ намуда, бобати ҳалли муаммои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд. Дар бобати ҳалли муаммои об, ки корхона айни замон эҳтиёҷ дорад дастур дода шуд, ки дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили хати об ба корхона тадбирҳои муассир андешида шаванд.
























