шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд

There are no translations available.

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ ба қатл расонида шудааст.

Ҳайати мазкур раванди ба даст овардани сулҳу суботро дар кишвари мо назорат мекард. Дар Симпозиум таъкид шуд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1998 Ютака Акино ва ҳамкоронашро бо истифода аз силоҳбадастони мусаллаҳ ба қатл расонидааст, ҷузъи ҳамин гуна ҳаракатҳои ифротгаро чун ДИИШ, Ал-Қоида, Толибон ва ғайра буда, нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ нигоҳи душманона дорад. Ҳамчун далели раднопазир ба ҳозирон нишон дода шуд, ки дар тӯли фаъолияти муғризонааш ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хориҷиёни ғайринизомиро гаравгон гирифта, сипас ба қатл расонидааст.

Print
PDF

Табрики раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода бахшида ба Рӯзи металлург

There are no translations available.

Муҳтарам металлургҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи касбиатон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва бурдбориҳоро дар фаъолияти ҳамарӯза таманно дорам.

Лозим ба қайд аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдатӣ миллӣ, ки муқаддастарин дастовардҳо барои тоҷикистониён маҳсуб меёбад рушди тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи саноати металлургия дар кишварамон таъмин гардида истодааст ва имрӯзҳо фаъолият намудани даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ ва якчанд корхонаҳои металлургӣ аз он дастовардҳо дарак медиҳад. Давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

Print
PDF

Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2018

There are no translations available.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми нимсолаи аввали соли 2018 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Ҳамзамон баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли 2018- “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби ҷавонон ва махсусан бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва барои дастгирии табақаи ҳунарманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ намуда истодааст.

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз181
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1928
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4503
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13447
mod_vvisit_counterҲамин моҳ9080
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта55046
mod_vvisit_counterҲамагӣ5249071

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.