Вохӯрии аҳли маъмурияти Литсей бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр
Санаи 17-уми майи соли равон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии ҳайати маъмурияти МДТ “Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол” дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо аҳли омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҷалби хатмкунандагон барои касбу ҳанаромӯзӣ ба литсей, тарғиби рафтори намунавӣ, масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанд, боло бардоштани ҳисси эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллию давлатӣ ва дигар масъалаҳо буд, ки директори литсей Н.Ниёзов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш И.Исроилов ва намояндаи шуъбаи маориф М.Бурҳонов баромад намуданд.
Даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” ҷамъбаст гардид
Бо мақсади дарёфти кормандони педагогии боистеъдод, навовару эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмангардонии онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин дар миқиёси шаҳр озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», таҳти унвони «Касби ман - ифтихори ман» ташкил ва гузаронида шуд. Дар асоси Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ гардидааст ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр аз 02.04.2018, №57 санаи 14.05.2018 дар базаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Озмун аз рӯи 7 шарт баргузор гардида, дар он 5 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, Шехова Дилором омӯзгори фанни забони хориҷии МТМУ №1, Муборакшоева Хурмо омӯзгори фанни биологияи МТМУ №2, Қосимова Инобат омӯзгори фанни географ-биологияи МТМУ №3, Норова Дилором омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №5 ва Хоҷамирова Ситора омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №6, ки дар даври мактабӣ ҷойҳои аввалро ишғол намуда буданд, байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.
























