Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи беш аз 140 ҳазор сомонӣ шуъбаи амрози занонаи Беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири куллӣ бароварда шуда истодааст. То ҳол аз 40 ҳуҷра қисми зиёдаш аз таъмир бароварда шуда, хати об навсозӣ шудааст. Роҳравҳо низ таъмир шуда истодаанд. Иҷрои корҳои азнавсозӣ ва умуман таъмирӣ аз ҷониби ҶДММ “Асри Табошар” ба роҳ монда шуда истодааст.
Табрики Раиси шаҳри Истиқлол бахшида ба 73-юмин солгарди таҷлили Рӯзи ғалаба
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар фазои сулҳу осоиш ва истиқлолият таҷлил намуда истодаанд.
Дар ин айёми фараҳбахш ҳамаи Шуморо бо ифтихори ин ҷашни бузург табрик намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори хушу осуда ва саодати умрро таманно дорам.
Лозим ба қайд аст, ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун рамзи ватанпарастӣ, фидокорӣ ва иттиҳоду сарҷамъист ва тули 73 сол таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн аз рӯҳияи шикастнопазири он фидоиёну қаҳрамонон ва родмардони набардҳои шадид илҳом гирифта, дарси ибрату таҷрибаи ҳазорҳо нафар гардидааст.
Пешгирӣ бояд кард
Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳафтаи сипаригардида тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Меҳнатобод доир ба пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии сокинони шаҳр ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А., прокурори шаҳри Истиқлол Абдуқодирзода Ф.К. сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Валиев Ҳ. Э., ҷонишини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Абдуллоев Д, ва зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллаи Меҳнатобод ширкат намуданд.























