Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”
04.05.2018, шаҳри Душанбе
Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз — муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад.
Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Худойназар Амонзода: Дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии ятимону бепарасторон ва оилаҳои эҳтиёҷманд мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии мост
Боиси ифтихору сарбаландист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш дасти некӣ дароз кардан ва таваҷҷуҳ ба наврасони ятиму бепарасторро дар ҷойи махсус қарор додаанд ва ин амали ғамхоронаи ин фарзанди фарзонаи халқу миллат нишона аз инсондӯстии эшон аст.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ҳам медонем, нафароне ки саховатпеша буданд ва дасти хайру сахо ба насли инсон дароз мекарданд назди мардум соҳибэҳтиром буданд, зеро бо иҷрои чунин амалҳои нек эътимод ба нафари саховатпеша зиёдтар мегардид ва мардум ин амали некро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекард ва имрӯз низ фаромӯш намекунад. Бузургон низ фармудаанд, ки некӣ ҷовидона дар ҷойгоҳи ботинии инсон боқӣ мемонад.
Таваҷҷуҳ ба наврасони ятим
Бо мақсади дастгирӣ ва кӯмак ба нафарони ятим ва бахшида ба Рӯзи пойтахт санаи 20-уми апрели соли равон дар шаҳр силсилачорабиниҳои иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд. Чун ҳарвақта дар Маркази саломатӣ ин нафаронро аз муоинаи тиббӣ ройгон гузаронида, бобати вазъи саломатии эшон табибон дар як вақт ба онон дастурҳо ва маводҳоро, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд тақдим намуданд.
Сипас масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди МИҲД-и шаҳр ононро барои тамошои Осорхона, ки дар бинои Қасри фарҳанги шаҳр ҷойгир аст бурда, ба мероси таърихии шаҳр аз наздик шинос намуданд.























